Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
424. Номзад кардани Гударз ва Пирон Гавонро барои ҷанги ёздаҳ Рух
Чу Гударзи Кашоводагонро бидид, Сухан гуфт чандеву посух шунид. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй пурхирад паҳлавон, Ба ранҷ-андарун чанд печӣ равон?
423. Паймон кардани Гударз ва Пирон ба ҷанги ёздаҳ рух
Чу рӯи замин шуд ба ранг обнӯс, Баромад зи ҳарду сипаҳ бӯқу кӯс. Абар пушти пилон табиразанон Аз он размгаҳ бозгашта дамон.
422. Разми Гев ва Пирон ва фурӯ мондани аспи Гев
Чу Рӯини Пирон зи пушти сипоҳ Бидид он такопӯву гарди сиёҳ, Биёмад зи пушти сипоҳи бузург Або номдорон ба кирдори гург.
421. Ёри хостани Пирон аз Афросиёб
Чу ин карда шуд, назди Афросиёб Наванде барафканд ҳангоми хоб. Фиристодае боҳушу рои пир, Сухангӯю гурду савори далер,
420. Посухи номаи Пирон ба Гударз
Чу як ҳафта бугзашт, ҳаштум пагоҳ Нависандаи номаро хонд шоҳ. Бифармуд, то нома посух навишт, Дарахте зи кина ба наввӣ бикишт.
419. Номаи Пирон ба Гударзи Кашвод
Ба Пирон расид огаҳӣ з-ин сухун, Ки солори Эрон чӣ афканд бун. Аз он огаҳӣ шуд дилаш пурниҳеб, Сӯи чора баргашту банду фиреб.
418. Пас он номаи шоҳи фаррух Ҳаҷир
Биёварду бинҳод пеши дабир. Дабир он замон панду фармони шоҳ Якояк ҳаме хонд пеши сипоҳ. Сипаҳдор рӯзидеҳонро бихонд,
417. Посухи номаи Гударз аз Хусрав
Дабири хирадмандро пеш хонд, Суханҳои шоиста бо ӯ биронд. Чу он номаро боз посух навишт, Падид оварид андар он хубу зишт.
416. Ёрӣ хостани Гударз аз Хусрав
Нависандаи номаро хонду гуфт, “Баровард хоҳам сухан аз нуҳуфт. Агар баркушоӣ ду лабро зи банд, Забон оварад бар сарат-бар газанд”.
415. Шабехун кардани настеҳан ва кушта шудани ӯ
В-аз он рӯй Пирон пур аз дарду хашм Дил аз дард хаста, пур аз об чашм Ба Настеҳан он гаҳ фиристод кас, Ки эй номвар гурди фарёдрас,
414. Кушта шудани Ҳумон ба дасти
Бежан Ҷигархаста Ҳумон биёмад чу зоғ, Сияҳ гашта аз дарду дил пур зи доғ. Бад-он хастагӣ боз ҷанг омаданд,
413. ОМАДАНИ ҲУМОН БА ҶАНГИ БЕЖАН
Сапеда чу аз кӯҳсар бардамид, Шуд он домани тирашаб нопадид. Бипӯшид Ҳумон силеҳи набард, Сухан пеши Пирон ҳама ёд кард,
412. Зи Яздон сипосу ба Яздон паноҳ
К-ат овард пешам дар ин размгоҳ. Инон боз каш з-ин таковар ҳаюн, К-ат акнун зи кина биҷӯшид хун. Яке баргузин ҷойгоҳи набард,
411. ДОДАНИ ГЕВ ДИРЪИ СИЁВУШ БА БЕЖАН
Чу аз пеши лашкар шудаш нопадид, Дили Гев аз андӯҳи ӯ бардамид. Пушаймон шуд, аз дарди дил хун гирист, Нигар, то ғаму меҳри фарзанд чист.
410. ОГОҲ ШУДАНИ БЕЖАН АЗ КИРДОРИ ҲУМОН
Хабар шуд ба Бежан, ки Ҳумон чу шер Ба пеши ниёи ту омад далер. Зи ҳар сӯ чапи лашкару дасти рост Зи гарданкашон ҳамнабардон бихост.
409. РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ГУДАРЗ
Аз он ҷо бад-он чирагӣ бозгашт, Ки гуфтӣ магар шери бад соз гашт. Камарбастаи кини озодагон Ба наздики Гударзи Кашводагон.
408. РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ФАРИБУРЗ
В-аз он ҷо ба қалби сипаҳ баргузашт, Дамон то бад-он сӯи лашкар гузашт. Ба назди Фарибурз бо тарҷумон Биёмад ба кирдори пили дамон.
407. РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ РУҲҲОМ
Чу омад ба лашкаргаҳи хеш боз, Ҳаме суд дандон ба сони гуроз. Нишаст аз бари зин сапедадамон Чу шери жиён бо яке тарҷумон.
406. ДАСТУРИИ НАБАРД ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ПИРОН
В-аз он лашкари турк Ҳумон далер Биёмад ба пеши бародар чу шер, Ки эй паҳлавони рад, Афросиёб, Гирифт андар ин ҷанг моро шитоб.
405. РАФТАНИ БЕЖАН БА НАЗДИ ГЕВ БА РАЗМ ХОСТАН
Ду лашкар ба рӯй андаровард рӯй Ҳама номдорони пархошҷӯй. Чунин истода се рӯзу се шаб, Ту гуфтӣ якеро наҷунбид лаб.
404. САФ КАШИДАНИ ҲАРДУ ЛАШКАР
Чу Гев андаромад ба пеши падар Ҳаме гуфт посух ҳама дар ба дар Ба Гударз гуфт: “Андаровар сипоҳ, Ба ҷое, ки созӣ ҳаме размгоҳ,
403. РАФТАНИ ГЕВ БА ВИСАГИРД БА НАЗДИКИ ПИРОН
Зи пеши падар Гев шуд то ба Балх, Гирифта ба ёд он суханҳои талх. Фуруд омаду кас фиристод зуд, Бад-он сон, ки Гударз фармуда буд.
402. ПАЁМ БУРДАНИ ГЕВ АЗ ГУДАРЗ НАЗДИ ПИРОН
Чу Гударз наздики Райбад расид, Саронро зи лашкар ҳама баргузид. Ҳазор аз далерони найзагузор Гузин кард гарданкашу номдор.
401. Ки моро сар аз ҷанги Афросиёб
Наёбад ҳаме хӯрду орому хоб. Алонону Ғарча ба Лӯҳросп дод, Бад-ӯ гуфт, к- “Эй гурди фаррухнажод, Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
400. ФИРИСТОДАНИ КАЙХУСРАВ ГУДАРЗРО БА ҶАНГИ ТУРОНИЁН
Пас огоҳӣ омад ба пирӯз шоҳ, Ки омад зи Турон ба Эрон сипоҳ. Ҷафопеша, бадгавҳар Афросиёб Зи кина на ором ҷӯяд, на хоб.

