Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

408. РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ФАРИБУРЗ

В-аз он ҷо ба қалби сипаҳ баргузашт, Дамон то бад-он сӯи лашкар гузашт. Ба назди Фарибурз бо тарҷумон Биёмад ба кирдори пили дамон. Яке бархурӯшид, к-”Эй баднишон, Фурӯ бурда гардан зи гарданкашон, Саворону пилону зарринакафш Туро буду бо ковиёнӣ дурафш. Ба туркон супурдӣ ба рӯзи набард, Ялонат ба Эрон нахонанд мард. Ту солор будӣ, шудӣ зердаст, Камар бандагиро бибояд-т баст. Сиёвахши радро бародар туӣ, Ба гавҳар зи солор бартар тӯӣ. Ман аз тухмаи Тури туроншаҳам, Ба гавҳар магар бо ту худ ҳамраҳам. Ту бошӣ сазовори кин хостан, Ба кина туро бояд оростан. Яке бо ман акнун ба овардгоҳ Биё, то бигардем пеши сипоҳ. Ба хуршеди тобон барояд-т ном, Чу пеши ман эдар гузорӣ ту гом. В-агар ту наёӣ ба ҷангам, равост, Завора, Гуроза нигар то куҷост. Касеро зи гурдон ба пеши ман ор, Ки бошад зи эрониён номдор”. Чунин дод посух Фарибурз боз, Ки “Бо шери дарранда кина масоз. Чунин аст фарҷоми рӯзи набард, Яке шод, пирӯзу дигар ба дард. Чу пирӯз гаштӣ, битарс аз газанд, Ки яксон нагардад сипеҳри баланд. Ситеза ба ҷое расонад сухан, Ки вайрон кунад хонумони куҳан. Дурафш ар зи ман шоҳ бистад, равост, Бад-ӯ дод пилону лашкар, ки хост. Ба кини каён аз паси Кайқубод, Касе к-ӯ кулоҳи меҳӣ барниҳод.