409. РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ГУДАРЗ
Аз он ҷо бад-он чирагӣ бозгашт,
Ки гуфтӣ магар шери бад соз гашт.
Камарбастаи кини озодагон
Ба наздики Гударзи Кашводагон.
Биёмад, яке бонг барзад баланд,
Ки “Эй пурманиш меҳтари девбанд,
Шунидам ҳама, ҳар чи гуфтӣ ба шоҳ,
В-аз он пас кашидан сипаҳро ба роҳ.
Ҳамон ҳадяи шоҳу паймони ту,
Ба Пирони солору фармони ту.
Фиристода омад ба туронсипоҳ
Гузин пури ту Геви лашкарпаноҳ.
В-аз он пас, ки савганд хӯрдӣ ба шоҳ,
Ба хуршеду моҳу ба тахту кулоҳ,
Ки гар чашми ман дар гаҳи корзор
Ба Пирон фитад, з-ӯ барорам димор.
Чу шери жиён лашкар оростӣ.
Ҳаме б-орзу ҷанги мо хостӣ.
Кунун аз паси кӯҳ чун мустаманд
Нишастӣ ба кирдори ғурми нажанд.
Чунон ҳамчу нахчир, к-аз наррашер
Гурезону шер аз пас- андар далер,
Гузинад ба беша-дарун ҷои танг,
Наҷӯяд зи тимори ҷон ному нанг.
Яке лашкаратро ба Ҳумон гузор,
Чӣ дорӣ сипоҳ аз паси кӯҳсор?
Чунин буд паймонт бо шаҳрёр,
Ки бар кина дар кӯҳ гирӣ ҳисор?”
Бад-ӯ гуфт Гударз, к- “Андеша кун,
Ки бошад сазо бо ту гуфтан сухун.
Чу посух наёбӣ кунун з-анҷуман,
Ба бедонишӣ барниҳӣ он ба ман.
Ту бишнав, ки аз шоҳ фармони ман
Ҳаме буд савганду паймони ман.
Кунун к-омадам бо сипоҳи гарон,
Аз Эрон гузида диловар сарон.
Шумо ҳам ба кирдори рӯбоҳи пир
Ба беша-дар аз бими нахчиргир.