Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

410. ОГОҲ ШУДАНИ БЕЖАН АЗ КИРДОРИ ҲУМОН

Хабар шуд ба Бежан, ки Ҳумон чу шер Ба пеши ниёи ту омад далер. Зи ҳар сӯ чапи лашкару дасти рост Зи гарданкашон ҳамнабардон бихост. Нарафт аз далерон касе пеши ӯй, Ба тундиву байғора баргошт рӯй. Бикушт аз саворони лашкар ҷаҳор Ба хок- андар афкандашон хору зор. Барошуфт бар хештан чун паланг, Набарди варо тез карда ду чанг. Бифармуд, то барниҳоданд зин Бар он пилпайкар ҳаюни гузин. Бипӯшид румизиреҳ ҷангро, Сабук танг барбаст шабрангро. Ба пеши падар шуд пур аз кимиё, Сухан гуфт бо ӯ зи баҳри ниё. Чунин гуфт мар Гевро, к-”Эй падар, Нагуфтам туро ман ҳама дар ба дар? Ки Гударзро ҳуш кеҳтар шудаст, Набинӣ, ба оин, ки дигар шудаст. Дилаш пурниҳеб асту пурхун ҷигар, Зи бас дарду тимори чандон писар, Ки аз тан сароншон ҷудо гашта буд, Ҳама размгаҳ сар ба сар кушта буд. Нишон он, ки турке биёмад далер Миёни далерон ба кирдори шер. Ба пеши ниё рафт найза ба даст, Ҳаме бархурӯшид бар сони маст. Чунон буд, к-аз он лашкари номдор Саворе набуд аз дари корзор, Ки ӯро ба найза барафрохтӣ, Чӣ бар бобзан мурғ барсохтӣ. Ту эй меҳрбон боби бисёрҳуш, Ду китфам ба диръи Сиёвуш бипӯш. Нашояд ҷуз аз ман, ки бо ӯ набард Кунад, то барорад зи мардиш гард”. Бад-ӯ гуфт Гев: “Эй писар, ҳуш дор, Ба гуфтори ман як замон гӯш дор,