Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

411. ДОДАНИ ГЕВ ДИРЪИ СИЁВУШ БА БЕЖАН

Чу аз пеши лашкар шудаш нопадид, Дили Гев аз андӯҳи ӯ бардамид. Пушаймон шуд, аз дарди дил хун гирист, Нигар, то ғаму меҳри фарзанд чист. Ҳаме б-осмон барфарозид сар, Пур аз хун дил аз дарду хаста ҷигар. Ба додор гуфто, ҷаҳондоварӣ, Сазад, гар бад-ин хастадил бингарӣ, Насӯзӣ ту аз баҳри Бежан дилам, К-аз оби мижа пой андар гилам. Ба ман боз бахшаш ту, эй кирдгор, Бигардон зи ҷонаш бади рӯзгор. Биёмад пурандеша дил паҳлавон, Пур аз хун дил аз кори пури ҷавон. Ба дил гуфт, хира биёзурдамаш, Чаро хоста пеш н-овардамаш. Гар ӯро зи Ҳумон бад ояд ба сар Чӣ бояд маро диръу теғу камар. Бимонам пур аз дарду андӯҳу хашм, Пурозор з-ӯ дил, пур аз об чашм. В-аз он ҷо давон ҳам ба кирдори гард Ба пеши писар шуд ба ҷои набард. Бад-ӯ гуфт: “Моро чӣ дорӣ ба танг, Ҳаме тезӣ орӣ ба ҷои диранг? Сияҳмор чандон дамад рӯзи ҷанг, Ки аз жарфи дарё барояд наҳанг. Дурахшидани моҳ чандон бувад, Ки хуршеди тобанда пинҳон бувад. Кунун сӯи Ҳумон шитобӣ ҳаме, Зи фармони ман сар битобӣ ҳаме. Чунин баргузинӣ ҳаме рои хеш, Надонӣ, ки чун оядат кор пеш”. Бад-ӯ гуфт Бежан, ки “Эй некбоб, Диламро зи кини Сиёвуш матоб, Ки Ҳумон на аз рӯю на з-оҳан аст, На пили жиёну на оҳарман аст. Яке марди ҷанг асту ман ҷангҷӯй, Аз ӯ барнатобам ба бахти ту рӯй.