412. Зи Яздон сипосу ба Яздон паноҳ
К-ат овард пешам дар ин размгоҳ.
Инон боз каш з-ин таковар ҳаюн,
К-ат акнун зи кина биҷӯшид хун.
Яке баргузин ҷойгоҳи набард,
Ба дашту дару кӯҳ бо ман бигард.
В-агар дар миёни дурӯя сипоҳ,
Бигардӣ ҳаме аз паи ному ҷоҳ,
Куҷо душману дӯст бинад туро,
Зи гарданкашон баргузинад туро.
Чу бишнид Ҳумон, бихандид сахт,
Чунин дод посух, ки “Эй шӯрбахт,
Бас эмин шудӣ бар тани хеш-бар,
Магар серӣ омад танатро зи сар?
Бад-он сон ба лашкар фиристам-т боз,
Ки Гев аз ту гардад ба дарду гудоз.
Саратро зи тан дур монам на дер,
Чунон, к-аз таборат фаровон далер.
Ба ҷанги ман-андар ба сони тазарв,
Ки бозаш барад бар сари шохи сарв.
Хурӯшону хун аз ду дида чакон,
Канон пар ба чанголу хунаш макон.
Чӣ суд аст, к-омад ба наздик шаб,
Рав акнун ба зинҳори торикшаб.
Ман акнун яке боз лашкар шавам,
Ба шабгир наздики меҳтар шавам.
В-аз он ҷо дамон гардан афрохта
Биёям набарди туро сохта”.
Чунин посухаш дод Бежан, ки “Шав
Пасат гоҳ бод аҳриман пешрав.
Чу фардо биёӣ ба овардгоҳ,
Набинад туро боз шоҳу сипоҳ.
Саратро чунон дур монам зи ҷой,
К-аз он пас лашкар наёяд-т рой.
В-аз он ҷойгаҳ рӯй баргоштанд,
Ба шаб дашти овард бугзоштанд.
Ба лашкаргаҳи хеш боз омаданд,
Бари паҳлавонон фароз омаданд.
Ҳама шаб ба хоб андар осебу шеб,