Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

413. ОМАДАНИ ҲУМОН БА ҶАНГИ БЕЖАН

Сапеда чу аз кӯҳсар бардамид, Шуд он домани тирашаб нопадид. Бипӯшид Ҳумон силеҳи набард, Сухан пеши Пирон ҳама ёд кард, Ки ман Бежани Гевро хостам, Ҳама шаб ҳаме ҷангаш оростам. Яке тарҷумонро зи лашкар бихонд, Ба гулгуни бодовараш барнишонд. Биёмад дар он ҷои овардгоҳ, Ба Бежан ниҳода ду чашмаш ба роҳ. Ҳам андар замон Бежан омад дамон, Басечидаи разм бо тарҷумон. Ба пушти шабоҳанг барбаста танг, Чу ҷангипаланге гурозон ба ҷанг. Зиреҳ низ карда ба бар паҳлавӣ, Дурахшон сар аз миғфари хусравӣ. Ба Ҳумон чунин гуфт, к-”Эй бодсор, Бибурдӣ зи ман дӯш сар ёдгор. Умед астам имрӯз, к-ин теғи ман Саратро чунон бугсилонад зи тан, Ки бар хок хезад зи хуни ту гил, Яке достон андарорӣ ба дил, Ки бо оҳуе гуфт ғурми жиён, Ки гар дашт гардад ҳама парниён, Зи доме ки пои ман озод гашт, Напӯям бад-он сӯ, туро бод дашт”. Чунин гуфт Ҳумон, ки “Имрӯз Гев Бимонад ҷигархастаи пури нев. Ба кӯҳи Канобад кунӣ корзор, Ва ё сӯи Райбад баророй кор, Ки фарёдрасмон набошад зи дур На з-Эрон ба ёрӣ кас ояд, на Тур. Бад-ӯ гуфт Бежан, ки “То кай сухун, Куҷо хоҳӣ, оҳанги овард кун!” Барангехтанд аспу бархост гард, Ба зеҳ барниҳода камони набард. Ду хунӣ барафрохта сар ба моҳ, Чунон кинавар гашта аз хуни шоҳ.