414. Кушта шудани Ҳумон ба дасти
Бежан
Ҷигархаста Ҳумон биёмад чу зоғ,
Сияҳ гашта аз дарду дил пур зи доғ.
Бад-он хастагӣ боз ҷанг омаданд,
Гурозон ба сони паланг омаданд.
Ҳаме зӯр кард ин бар он, он бар ин,
Гаҳ онро бисудӣ, гаҳ инро замин.
Зи ҳар гуна зӯр озмуданду банд,
Фароз омад он банди чархи баланд.
Зи Бежан фузун буд Ҳумон ба зӯр,
Ҳунар айб гардад, чу баргашт ҳур.
Бизад даст Бежан ба сони паланг,
Зи сар то ба пояш биёзид чанг.
Гирифташ ба чап гардану рост рон,
Хам овард пушти ҳаюни гарон.
Баровардаш аз ҷою бинҳод паст,
Сӯи ханҷар овард чун бод даст.
Фурӯ бурд, сар кардаш аз тан ҷудо,
Фикандаш ба сони яке аждаҳо.
Биғалтид Ҳумон ба хок-андарун,
Ҳама дашт шуд сар ба сар ҷӯи хун,
Нигаҳ кард Бежан бад-он пилтан
Фиканда чу сарви саҳӣ бар чаман.
Шигифт омадаш сахту баргашт аз ӯй,
Сӯи кирдгори ҷаҳон кард рӯй,
Ки эй бартар аз ҷойгоҳу замон,
Тӯи, бартар аз гардиши осмон.
Туӣ ту, ки ҷуз ту ҷаҳондор нест,
Хирадро бар ин кор пайкор нест.
Маро з-ин ҳунар сар ба сар баҳра нест,
Ки бо пил кин ҷустанам заҳра нест.
Ба кини Сиёвуш буридам-ш сар
Ба ҳафтод хуни бародарпадар.
Равонаш равони маро банда бод,
Ба ҷанголи шерон танаш канда бод.
Сарашро ба фитроки шабранг баст,
Танашро ба хок-андар афканд паст.
Кушода силеҳу гусиста камар,