Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

415. Шабехун кардани настеҳан ва кушта шудани ӯ

В-аз он рӯй Пирон пур аз дарду хашм Дил аз дард хаста, пур аз об чашм Ба Настеҳан он гаҳ фиристод кас, Ки эй номвар гурди фарёдрас, Сазад, гар кунӣ ҷангро тез чанг, Ба хуни бародар насозӣ диранг. Бар эрониён-бар шабехун кунӣ, Заминро ба хун рӯди Ҷайҳун кунӣ. Бубар даҳ ҳазор озмуда савор Миёнбаста бар кинаи корзор. Магар кини Ҳумон ту боз оварӣ, Сари душманонро ба гоз оварӣ” Бад-ӯ гуфт Настеҳан: “Эдун кунам, Ки аз хун замин ҳамчу Ҷайҳун кунам”. Ду баҳра чу аз тирашаб даргузашт, Зи ҷӯши саворон биҷӯшид дашт. Гирифтанд туркон ҳама тохтан, Бад-он тохтан гардан афрохтан. Чу Настеҳан он лашкари кинахоҳ Биёвард наздики Эронсипоҳ, Сапедадамон ӯ ба ҷое расид, Ки аз дидагаҳ дидабонаш бидид. Яке бонг зад сӯи корогаҳон, Ки омад сипоҳе зи Турон дамон. Чу корогаҳон огаҳӣ ёфтанд, Сабук сӯи Гударз биштофтанд, Ки омад сипоҳе чу оби равон, Ки гӯӣ надоранд гӯё забон. Бад-он сон, ки расми шабехун бувад, Сипаҳдор донад, ки ӯ чун бувад. Ба лашкар бифармуд пас паҳлавон, Ки “Бедор бошеду равшанравон. Ҳама гӯш доред овозашон, Ки то кай биёяд зи лашкар нишон. Бихонд он замон Бежани Гевро, Ҳамон теғзан паҳлави невро. Бад-ӯ гуфт нек ахтару коми ту, Шикаста дили душман аз номи ту.