Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

416. Ёрӣ хостани Гударз аз Хусрав

Нависандаи номаро хонду гуфт, “Баровард хоҳам сухан аз нуҳуфт. Агар баркушоӣ ду лабро зи банд, Забон оварад бар сарат-бар газанд”. Яке нома фармуд наздики шоҳ, Ба огоҳ кардан зи кори сипоҳ. Ба Хусрав намуд он куҷо рафта буд, Сухан ҳарчи Пирон бад-ӯ гуфта буд. Фиристодани Геву пайванду меҳр Намудан бад-ӯ кори гардонсипеҳр. Зи посух, ки ӯ дода буд Гевро, Бузургони фарзонаи Невро. В-аз он лашкаре к-аз пасаш чун паланг Ба кӯҳи Канобад даромад ба ҷанг. В-аз он пас куҷо размгаҳ сохтанд, Аз он разм дилҳо бипардохтанд. Зи Ҳумону Настеҳани ҷангҷӯй Саросар ҳама ёд кард андар ӯй. Зи кирдори Бежан ба рӯзи набард, Ки бо гурздорони Турон чӣ кард. Сухан сар ба сар он куҷо рафта буд, Ба нома- дарун яксар ӯро намуд. Бипардахт аз он пас ба Афросиёб, Ки бо лашкар омад ба наздики об. Гар ӯ аз лаби рӯди Ҷайҳун сипоҳ Ба Эрон гузорад бад-ин размгоҳ, Ту донӣ, ки бо ӯ надорем пой, Аё шоҳи Эрон, ҷаҳонкадхудой. Магар Хусрав ояд ба пушти сипоҳ Ба сар барниҳад мар гавонро кулоҳ. В-ар эдун, ки Пирон кунад даст пеш, Нахоҳад сипаҳ ёвар аз шоҳи хеш. Ба Хусрав расад з-он сухан огаҳӣ, Ки бо ӯ чӣ созад ба бахтат раҳӣ. Ва дигар, ки аз Рустами девбанд Зи Луҳросп в-аз Ашкаши ҳушманд, Зи кирдори эшон ба кеҳтар хабар Расонад магар шоҳи пирӯзгар.