417. Посухи номаи Гударз аз Хусрав
Дабири хирадмандро пеш хонд,
Суханҳои шоиста бо ӯ биронд.
Чу он номаро боз посух навишт,
Падид оварид андар он хубу зишт.
Нахуст офарин кард бар паҳлавон,
Ки ҷовид бодиву равшанравон.
Хуҷаста сипаҳдори бисёрҳуш,
Ҳамаш рою дониш, ҳамаш ҷангу ҷӯш.
Худованди кӯполу теғи бунафш,
Фарозандаи ковиёнӣ дурафш.
Сипос аз ҷаҳондори Яздони мо,
Ки пирӯз гаштанд гурдони мо.
Чу ахтар туро рӯшноӣ намуд,
Зи душман баровард ногоҳ дуд.
Нахуст он ки гуфтӣ, ки мар Гевро,
Бузургони фарзонаи невро
Ба наздики Пирон фиристодаам,
Чи моя варо пандҳо додаам.
Напазруфт бад гавҳараш панди ман,
Наҷуст андар он кор пайванди ман.
Сипаҳбад яке достон зад бар ин,
Ки дастур пешаш баровард кин,
Ки ҳар кеҳтаре к-он бадӣ хостаст,
Зи некӣ бупечад, равонкостаст.
Маро з-ин сухан пеш буд огаҳӣ,
Ки Пирон зи кина нагардад тиҳӣ.
Валекин ман аз хуб кирдори ӯй,
Наҷустам ҳаме жарф пайкори ӯй.
Кунун ошкоро намуд он сипеҳр,
Ки Пирон ба Турон гирояд ба меҳр.
Набинад ҷаҳон ҷуз ба Афросиёб,
Дилашро ту аз меҳри ӯ барматоб,
Ки ӯ бар хирад баргузинад ҳаво,
Ба кӯшиш нарӯяд зи хоро гиё.
Ту бо душман ар хуб гуфтӣ, равост,
Аз озодагон хуб гуфтан сазост.
Ва дигар зи пайкори ҷанговарон,
Куҷо ёд кардӣ ба гурзи гарон.