418. Пас он номаи шоҳи фаррух Ҳаҷир
Биёварду бинҳод пеши дабир.
Дабир он замон панду фармони шоҳ
Якояк ҳаме хонд пеши сипоҳ.
Сипаҳдор рӯзидеҳонро бихонд,
Ба девони динордодан нишонд.
Зи аспон гала ҳар чи будаш ба кӯҳ,
Ба лашкаргаҳ овард яксар гурӯҳ.
Дари ганҷи динору теғу камар
Ҳамон афсару ҷавшану хӯди зар.
Ба рӯзидеҳон дод яксар калид,
Чу омад гаҳи кина ҷустан падид.
Барафшонд бар лашкар он хоста
Савору пиёда шуд ороста.
Яке лашкаре гашт бар сони кӯҳ,
Замин аз паи бодпоён сутӯҳ.
Дили наррашерон аз эшон ба бим,
Ҳама ғарқа дар оҳану зарру сим.
Бифармудашон ҷангро сохтан,
Дилу гӯш додан ба кин хостан.
Бирафтанд пеши сипаҳбад гурӯҳ
Аз анбӯҳи лашкар ба кирдори кӯҳ.
Бад-эшон нигаҳ кард солормард,
Замин тира дид, осмон лоҷвард.
Чунин гуфт, к-аз гоҳи Ҷамми барин
Наёрост кас лашкаре ҳамчунин.
Ба аспу силеҳу ба симу ба зар,
Ба пилони ҷангиву шерони нар.
Агар ёр бошад ҷаҳонофарин,
Бупечам инонро аз эдар ба Чин.
Чу ин гуфту фарзонагонро бихонд,
Або номдорон ба ромиш нишонд.
Ҳаме хӯрд май шод бо чангу ной,
Ҳаме бо ялон размро кард рой.