Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

419. Номаи Пирон ба Гударзи Кашвод

Ба Пирон расид огаҳӣ з-ин сухун, Ки солори Эрон чӣ афканд бун. Аз он огаҳӣ шуд дилаш пурниҳеб, Сӯи чора баргашту банду фиреб. Зи дастури фархундарой огаҳӣ Биҷуст андарун ҷустани кин раҳе. Яке нома фармуд пас, то дабир Нависад сӯи паҳлавон ногузир. Сари нома кард офарини бузург, Ба Яздон паноҳаш зи деви сутург. Дигар гуфт, к-аз кирдгори ҷаҳон Нахоҳам ҳаме ошкору ниҳон, Магар к-аз миёни дурӯя сипоҳ Ҷаҳондор бардорад ин кинагоҳ. Агар ту ки Гударзӣ, ин хостӣ, Ки кина ба гетӣ биёростӣ, Баромад зи гетӣ ҳама коми ту, Чӣ гӯӣ, чӣ бошад саранҷоми ту? Нигаҳ кун, ки чандон далерони ман Зи хешони наздику шерони ман Тани бесароншон фикандӣ ба хок Зи Яздон надорӣ ҳаме тарсу бок. Зи меҳру хирад рӯй бартофтӣ, Кунун он чи ҷустӣ, ҳама ёфтӣ. Гаҳ омад, ки гардӣ аз ин кина сер, Ба хунрехтан бар набошӣ далер. Нигаҳ кун, к-аз Эрону Турон савор, Чӣ моя табаҳ шуд дар ин корзор. Гаҳ омад ки бахшоиш ояд туро, Зи кин ҷустан осоиш ояд туро. Ба кин ҷустани мурдаи нопадид, Сари зиндагон чанд хоҳӣ бурид?! Агар боз н-ояд шуда рӯзгор, Ба гетӣ-дарун тухми кина макор. Равонат маранҷону магдоз тан, Зи хун рехтан бозкаш хештан. Пас аз марг нафрин бувад бар касе, К-аз ӯ номи зиште бимонад басе.