420. Посухи номаи Пирон ба Гударз
Чу як ҳафта бугзашт, ҳаштум пагоҳ
Нависандаи номаро хонд шоҳ.
Бифармуд, то нома посух навишт,
Дарахте зи кина ба наввӣ бикишт.
Сари нома кард офарин аз нахуст,
Дигар посух овард як-як дуруст,
Ки бархондам он номаро сар ба сар
Шунидем гуфтори ту дар ба дар.
Расонид Рӯин бари мо паём
Якояк ҳама, ҳар чӣ бурдӣ ту ном,
Валекин шигифт ояд аз кори ту,
Маро аз чунин хуб гуфтори ту.
Дилат бо забон ҳеҷ ҳамсоя нест,
Равони туро аз хирад моя нест.
Ба ҳар кор чарбӣ ба кор оварӣ,
Суханҳо чунин пурнигор оварӣ.
Касеро ки аз бун набошад хирад,
Гумон бар ту-бар меҳрубонӣ барад.
Чу шӯразаминӣ, ки аз дур об
Намояд, чу тобад бар ӯ офтоб.
Валекин на кори фиреб асту банд
Ба ҳангоми гурзу синону каманд.
Маро бо ту ҷуз кину пайкор нест,
Гаҳи посуху рӯзи гуфтор нест.
Нигар, то чӣ сон гардад акнун сипеҳр,
На ҷои фиреб асту пайванду меҳр.
Киро дод хоҳад ҷаҳондор зӯр,
Киро бардиҳад бахти пирӯзу ҳур,
Валекин аз ин гуфта посух шунав,
Хирад ёр кун, бахтро пешрав.
Нахуст он ки гуфтӣ, ман аз меҳр низ
Зи Яздону аз гардиши растахез
Нахоҳам, ки ояд маро пеш ҷанг,
Дилам гашт аз ин кор торику танг,
Дилат бо забон ошноӣ надошт
Бад-он гаҳ ки ин гуфта бар лаб гумошт,
Ки гар дод будӣ ба дил-т-андарун
Туро пешдастӣ набудӣ ба хун.