421. Ёри хостани Пирон аз Афросиёб
Чу ин карда шуд, назди Афросиёб
Наванде барафканд ҳангоми хоб.
Фиристодае боҳушу рои пир,
Сухангӯю гурду савори далер,
Ки «Рав, шоҳи Туронзаминро бигӯй,
Ки, эй додгар шоҳи дайҳимҷӯй,
Аз он гаҳ, ки чархи сипеҳри баланд
Бигашт аз бари тирахоки нажанд,
Чу ту шоҳ бар гоҳ наншаст низ,
Ба кас номи шоҳӣ напайваст низ.
На зебо бувад ҷуз ту мар тахтро,
Кулоҳу камарбастану бахтро.
Аз он кас барорад ҷаҳондор гард,
Ки пеши ту ояд ба рӯзи набард.
Яке бандаам ман, гунаҳкори ту,
Кашида сар аз рои бедори ту.
Ба Кайхусрав аз ман биёзурд шоҳ,
В-аз он хештанро надонам гуноҳ,
Ки он эзадӣ буду буд он чӣ буд,
Наёяд зи гуфтори бисёр суд.
Агар з-он ки бинад маро нек шоҳ,
Кунад гардан озоду бахшад гуноҳ,
Расонам ман акнун ба шоҳ огаҳӣ,
Ки гардун чи овард пеши раҳӣ.
Кашидам ба кӯҳи Канобад сипоҳ,
Бар эрониён бар бубастем роҳ.
В-аз он сӯ биёмад сипоҳи гарон,
Сипаҳдор Гударзу бо ӯ сарон,
К-аз Эрон зи гоҳи Манучеҳршоҳ
Ба Турон наёмад фузун з-ин сипоҳ.
Ба Райбад яке ҷойгаҳ сохтанд,
Сипаҳро дар он кӯҳ биншохтанд.
Сипаҳро се рӯзу се шаб чун паланг
Ба рӯй- андар оварда буд рӯй танг.
Наҷустем разм андар он кинагоҳ,
Ки ояд магар сӯи ҳомун сипоҳ.
Сипаҳдори Эрон наёмад сутӯҳ,
Ба ҳомун наёвард лашкар зи кӯҳ.