422. Разми Гев ва Пирон ва фурӯ мондани аспи Гев
Чу Рӯини Пирон зи пушти сипоҳ
Бидид он такопӯву гарди сиёҳ,
Биёмад зи пушти сипоҳи бузург
Або номдорон ба кирдори гург.
Баровехт бар сони шарза паланг,
Бикӯшиду ҳам барнаёмад ба ҷанг.
Бияфканд шамшери ҳиндӣ зи мушт,
Ба навмедӣ аз ҷанг бинмуд пушт.
Сипаҳдор Пирон зи касҳои хеш
Бимонд он замон хира бар ҷои хеш.
Чу Гев он гаҳе рӯи Пирон бидид,
Инонро сӯи ҷанги ӯ баркашид.
Аз он меҳтарон пеши Пирон чаҳор
Ба найза зи асп андарафканд хор.
Ба зеҳ кард Пирони Виса камон,
Ҳаме тир борид бар бадгумон.
Сипар бар сар овард Геви сутург,
Ба найза даромад ба кирдори гург.
Чу оҳанги Пирони солор кард,
Ки бо вай биҷӯяд ба найза набард.
Фурӯ монд аспаш ҳам эдун ба ҷой,
Аз он ҷо ки буд, пеш нанҳод пой.
Яке тозиёна бар он тезрав
Бизад хашмро номбардор гав.
Биҷӯшиду букшод лабро зи банд
Ба нафрини дижхим деви нажанд.
Бияфканд найза, камон баргирифт,
Яке дарқаи гург бар сар гирифт.
Камонро ба зеҳ карду букшод бар,
Ки бо дасти Пирон бидӯзад сипар.
Бизад бар бараш чор тири хаданг,
Набуд коргар тир бар марди ҷанг.
Ҳам эдун се чӯба бар аспи савор
Бизад Гев пайкони ҷавшангузор.
Нашуд асп хаста, на Пирони нев,
Бад-он ҷо расиданд ёрони Гев.
Чу Пирон чунон дид, кина фузуд,
Даромад бари Гев бар сони дуд.