423. Паймон кардани Гударз ва Пирон ба ҷанги ёздаҳ рух
Чу рӯи замин шуд ба ранг обнӯс,
Баромад зи ҳарду сипаҳ бӯқу кӯс.
Абар пушти пилон табиразанон
Аз он размгаҳ бозгашта дамон.
Бар он барниҳоданд ҳарду сипоҳ
Ки шаб боз гардем аз размгоҳ.
Гузинем шабгир мардони мард,
Ки аз жарфдарё бароранд гард.
Ҳама номдорони пархошҷӯй
Якояк ба рӯй андароранд рӯй.
Зи пайкор ёбад раҳоӣ сипоҳ,
Нарезанд хуни сари бегуноҳ.
Бикарданд паймону гаштанд боз,
Гирифтанд кӯтоҳ роҳи дароз.
Ду солор ҳарду зи кина ба дард
Ҳаме рӯй баргоштанд аз набард.
Яке сӯи кӯҳи Канобад бирафт,
Яке сӯи Райбад хиромид тафт.
Ҳамон гаҳ талоя зи лашкар ба роҳ
Фиристод Гударз - солори шоҳ.
Зи ҷавшан сар аз тарг фарсуда буд,
Ба хун даст бо теғ олуда буд.
Ҳама ҷавшану хӯду таргу зиреҳ,
Кушоданд мар бандҳоро гиреҳ.
Чу аз бори оҳан тан осуда гашт,
Хуриш ҷусту май чанд паймуда гашт,
Ба тадбир кардан сӯи паҳлавон
Бирафтанд бедор пиру ҷавон.
Ба Гударз пас Гев гуфт: «Эй падар,
Чӣ омад маро аз шигифтӣ ба сар?
Чу ман ҳамла бурдам ба туронсипоҳ,
Даридам сафу баркушоданд роҳ,
Ба Пирон расидам, навандам ба ҷой
Фурӯ монду нанҳод дар пеш пой.
Чунонам шитоб омад аз кори хеш,
Ки гуфтӣ бибуррам сар аз ёри хеш.
Пас он гуфтаи шоҳ Бежан ба ёд
Ҳаме дошт, он роз бар ман кушод,