Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

424. Номзад кардани Гударз ва Пирон Гавонро барои ҷанги ёздаҳ Рух

Чу Гударзи Кашоводагонро бидид, Сухан гуфт чандеву посух шунид. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй пурхирад паҳлавон, Ба ранҷ-андарун чанд печӣ равон? Равони Сиёвахшро з-он чӣ суд, Ки аз буми Турон барорӣ ту дуд? Бад-он гетӣ ӯ ҷои некон гузид, Нагирӣ ту ором, к-ӯ орамид. Ду лашкар чунин пок бар якдигар Фикандӣ чу пилон зи тан дур сар. Сипоҳи ду кишвар ҳама шуд табоҳ, Гаҳ омад, ки пардозӣ ин кинагоҳ. Ҷаҳон сар ба сар пок бе мард гашт, Бар ин кина пайкори мо сард гашт. Чаро кушт бояд ҳаме бегуноҳ, Сухан барниҳодам кунун бар ду роҳ. В-ар эдун, ки ҳастӣ чунин кинадор, Аз он пояи кӯҳ сипаҳ эдар ор. Ту аз лашкари хеш берун хиром, Магар, к-ат барояд аз ин кина ком. Ба танҳо ману ту бар ин дашти кин Бигардем ҷанговарон ҳамчунин. Зи мо ҳар киро ҳаст пирӯзбахт, Расад худ ба кому нишинад ба тахт. Агар ман ба дасти ту гардам табоҳ, Наҷӯӣ ту кина зи туронсипоҳ. Ба пеши ту оянду фармон кунанд, Ба паймон сароншон гаравгон кунанд. В-агар ту шавӣ кушта бар дасти ман Абар номдорони он анҷуман, Маро бо сипоҳи ту пайкор нест, Бар эшон зи ман тарсу тимор нест». Чу Гударз гуфтори Пирон шунид, Зи ахтар ҳама кори ӯ тира дид. Нахуст офарин кард бар кирдгор, Дигар ёд кард аз шаҳи номдор. Ба Пирон чунин гуфт, к-Эй номвар, Шунидем гуфтори ту сар ба сар.