Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

425. Синонҳои найза ба ҷанги савор

Фурӯ рехт аз ҳавли он корзор. Камонҳо гирифтанду тири ҳаданг Як андар дигар тохта бедиранг. Ҳаме зинда боист мар Гевро, К-аз асп андарорад мар он невро. Чунин зинда дар пеши Хусрав барад, Зи туркон яке ҳадяи нав барад. Чу Гев андаромад Гурӯй аз ниҳеб Камон шуд зи дасташ ба сӯи нишеб. Сӯи теғ бурд он замон дасти хеш, Дамон Геви нев андаромад ба пеш. Яке гурзаи говпайкар ба чанг Хурӯшон ба кирдори шарзапаланг. Амуде бизад бар сару тарги ӯй, Ки хун андаромад зи торак ба рӯй. Ҳам эдун зи зин даст бугзордаш, Гирифту ба бар сахт бифшордаш. Чу бар пушти зин мард бетӯш гашт, Аз асп андарафтоду беҳуш гашт. Фуруд омад аз асп ҷангипаланг, Ду даст аз паси пушт басташ чу санг. Нишаст аз бари зин мар ӯро ба пеш Давониду шуд то бари ёри хеш. Ба боло баромад дурафше ба даст Ба наъра ҳаме кӯҳро кард паст. Ба пирӯзии шаҳрёри замин Ҳаме хонд бар паҳлавон офарин. Разми Гуроза бо Сиёмак Се дигар Сиёмак зи Туронсипоҳ Бишуд бо Гуроза ба овардгоҳ Чунин ҳар ду найза гирифта ба даст Хурӯшон ба кирдори пилони маст. Пур аз хашму пурҷангу кина сарон Гирифтанд аз он пас амуди гарон. Чу шерони ҷангӣ барошуфтанд, Ҳаме бар сари якдигар кӯфтанд. Забоншон шуд аз ташнагӣ лахт-лахт, Ба тангӣ фароз омад он кори сахт.