Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

426. РАЗМИ ФИРӮҲИЛ БО ЗАНГУЛА

Чаҳорум Фирӯҳил буду Зангула Ду ҷангӣ ба кирдори шери яла. Ба Эрон набарда ба тиру камон Набуд чун Фирӯҳил дигар бегумон. Чу аз дур турки дижамро бидид, Камонро ба зеҳ карду андаркашид. Абар Зангула тирборон гирифт, Ба ҳар сӯ камини саворон гирифт. Хаданге ба ронаш бизад ҳамчу бод, Ки бугзашт бар аспу бар марди род. Ба рӯй андаромад таковар зи дард, Ҷудо гашт аз ӯ Зангула рӯйзард. Нагун шуд сари Зангула, ҷон бидод, Ҳамоно ки худ рӯзи бадро бизод. Фирӯҳил фурӯ ҷасту бубрид сар-ш, Бурун кард хафтони румӣ зи бар-ш. Сарашро ба фитроки зин-бар бубаст, Биёмад, гирифт аспи ӯро ба даст. Ба боло баромад ба сони паланг Ба хун ғарқа гашта бару теғу чанг. Дурафши хуҷаста баровард рост Шуда шоддил, ёфта он чи хост.