427. РАЗМИ РУҲҲОМ БО БОРМОН
Ба панҷум чу Руҳҳоми Гударз буд,
Ки бо Бормон ӯ набард озмуд.
Камон баргирифтанду тиру хаданг,
Баромад хурӯши саворони ҷанг.
Камонҳо ҳама пок бар ҳам шикаст,
Сӯи найза бурданду шамшер даст.
Ду ҷангиву ҳарду далеру савор,
Ҳушивору дида басе корзор.
Бигаштанд бисёр бо якдигар,
Бупечид Руҳҳоми пархошхар.
Яке найза андохт бар рони ӯй,
К-аз асп андаромад ба фармони ӯй.
Ҷудо гашт аз ӯ Бормон ҳамчу гард,
Савор андаромад зи боди набард.
Ба пушт-андараш найзае зад дигар,
Синон андаромад миёни ҷигар.
Ба кини Сиёвуш кашидаш нагун,
Зи кина бимолид бар рӯй хун.
Ба зин андаровард, басташ чу санг
Сар овехта, пойҳо зери танг.
Нишаст аз бари зину ӯро кашон
Баромад дамон то ба ҷои нишон.
Ба пирӯзии шоҳу тахти баланд
Ба ком омада, ёфт бахти баланд.
Бикард офарин бар ҷаҳондор шоҳ
Бар он тухмаи Хусрави некхоҳ.