Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

428. РАЗМИ БЕЖАН БО РӮИН

Шашум Бежану Геву Рӯин дамон Ба зеҳ барниҳоданд ҳар ду камон. Чапу рост гаштанд бо якдигар. Нашуд тирашон аз камон коргар. Ба рӯинамуд он гаҳе пури гев Ҳаме гашт бо гурд Рӯини нев. Ба овардгаҳ- бар бад-ӯ даст ёфт, Заминро бидарриду андаршитофт. Зад аз бод бар сар-ш рӯинсутун, Фурӯ рехт аз торакаш мағзу хун. Ба зин-андарун ҷони ширин бидод, Зи Пирони Виса ҳама кард ёд. Пас он гаҳ зи асп андаромад нагун, Ҳама тан пуроҳан, даҳон пур зи хун. Бирафт аз паи суду моя бидод, Ҳанӯз аз ҷавониш нобуда шод. Чунин аст гетӣ пуросебу шеб, Пас аз ҳар фарозе ниҳода нишеб. Зи асп андаромад сабук Бежано, Мар ӯро ба кирдори Аҳримано Ба шамшер кардаш ҷудо сар зи тан, Наёбад ҳаме кушта гӯру кафан. Каманд андарафканду бар зин кашид, Набуд кас, ки тимори Рӯин кашид. Бар аспаш би кирдори пилони маст Гирифт он замон полҳангаш ба даст Инони ҳаюни таковар битофт, В-аз он ҷойгаҳ сӯи боло шитофт. Ба ҷанг - андарун шерпайкар дурафш, Бар он ғайбаи зангхӯрда бунафш. Ҳаме гуфт пирӯзгар бод шоҳ, Ҳамеша сари паҳлавон бо кулоҳ! Разми Ҳаҷир бо Сипаҳрам Бурун тохт ҳафтум зи гурдон Ҳаҷир Гави номдору савори ҳужир. Сипаҳрам зи хешони Афросиёб Гави номвар буду бо ҷоҳу об. Або пури Гударз разм озмуд,