Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

429. Разми Гургин ва Андаримон

Чу Гургин ба ҳаштум бишуд кинахоҳ, Або Андаримон зи Туронсипоҳ. Ҷаҳондидаву коркарда ду мард Бирафтанду ҷустанд ҷои набард. Ба найза бигаштанду бишкаст паст, Камонҳо гирифтанд ҳарду ба даст. Буборид тир аз камони сарон Ба рӯй андароварда Гург испарон. Ҳаме тир борид ҳамчун тагарг, Бар он испари Гургу он хӯду тарг. Яке тир Гургин бизад бар сараш, Ки бардӯхт бо тарги румӣ сараш. Биларзид бар зин зи сахтӣ савор, Яке теғи дигар бизад номдор Биёмад ба паҳлӯи турк-андарун, Зи чашмаш бурун омад аз дард хун. Фуруд омад аз асп Гургин чу гард, Сари Андаримон зи тан дур кард. Ба фитрок барбасту худ барнишаст, Инони савори набарда ба даст. Бар он тундболо баромад дамон Ҳам эдун ба деҳ-бар ба бозу камон. Ба нерӯи Яздон, ки ӯ буд паноҳ, Ба пирӯзбахти ҷаҳондор шоҳ. Чу пирӯз баргашт мард аз набард, Дурафши дилафрӯз барпой кард. Разми Барта бо Куҳрам Нуҳум Барта бо Куҳрами теғзан Ду хуниву ҳар ду сари анҷуман. Ҳаме озмуданд ҳар гуна ҷанг, Гирифтанд пас теғи ҳиндӣ ба чанг. Якояк бупечид аз Барта рӯй Яке теғ зад бар сари тарги ӯй, Ки то сина Куҳрам ба ду ним гашт, Дили душман аз Барта пурбим гашт. Фуруд омад аз аспу ӯро бубаст, Бар он зини туживу худ барнишаст. Ба боло баромад чу шарзапаланг,