430. Зорӣ кардани Лаҳҳок ва Фаршедвард бар Пирон
Зи кӯҳи Канобад ҳаме дидабон
Бидид он шигифтиву омад давон.
Чунин гуфт: «Гар чашми ман тира нест,
Аз андоза дидори ман хира нест.
Зи туркон баровард Яздон ҳалок,
Ҳама ранҷҳо сар ба сар гашт хок.
Сипоҳ андаромад зи боло ба паст
Хурӯшону ҳар як дурафше ба даст.
Дурафши сипаҳдор Пирон нагун
Ҳаме бинаму тан-ш ғарқа ба хун.
Ҳамон даҳ диловар, к-аз эдар бирафт
Або гурд Пирон ба овард тафт,
Ҳаме бинам аз дурашон сарнагун,
Фиканда бар аспону сар пур зи хун.
В-аз он сӯи Райбад яке тирагард
Падид омаду дашт шуд лоҷвард.
Миёни сипаҳ ковиёнӣ дурафш
Ба пеш - андарун теғҳои бунафш.
Дурафши шаҳаншоҳ бо бӯқу кӯс
Падид омаду шуд замин обнӯс.
Бирафтанд Лаҳҳоку Фаршедвард
Бад-он дидагаҳ-бар зи дашти набард.