Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

431. Бидиданд кушта ба дидори хеш

Сипаҳбад, бародар ҷаҳондори хеш. Або даҳ савори гузида сарон, Зи туркон далерони ҷанговарон. Бад-он дидагаҳ зору ҷӯшон шуданд, Зи хуни бародар хурӯшон шуданд. Ҳаме зор гуфтанд, к-«Эй наррашер, Сипаҳдори туркон, савори далер. Чӣ боист он родиву ростӣ, Чу рафтан зи гетӣ чунон хостӣ?! Кунун кори душман баромад ҳама, Ба бад бар ту гетӣ сар омад ҳама. Кӣ ҷӯяд ҳаме дар ҷаҳон кини ту, Кӣ гирад кунун роҳу оини ту. Абар шаҳри Турону Афросиёб Бад афтоду гардад саросар хароб. Бибояд буридан сари хеш паст, Ба хун ғарқа кардан тану теғу даст. Чу андарзи Пирон ниҳоданд пеш, Нарафтанд бар хира гуфтори хеш. Зи Гударз чун хост Пирон набард, Чунин гуфт бо гурд Фаршедвард, Ки «Гар ман шавам кушта бар кинагоҳ Шумо кас мапоед пеши сипоҳ, Ки гар ман набошам бар ин дашти кин Шавад танг бар номдорон замин. На аз тухмаи Виса монад касе, Ки андар сараш мағз бошад басе, Ки бар кинагаҳ гар шуморо кушанд, Сари бетанонтон ба Эрон кашанд. Зи Гударз хоҳад сипаҳ зинҳор, Шумо хештанро мадоред хор. Шумо роҳ сӯи биёбон баред, Магар к-аз бади душманон ҷон баред». Ба лашкаргаҳи хеш рафтанд боз, Ҳама дида пурхуну тан пургудоз. Бидонист лашкар саросар ҳама, Ки шуд бешубон он гурозон рама. Ҳама сар ба сар зору гирён шуданд,