Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

432. Рафтани Густаҳм аз паси Лаҳҳок ва Фаршедвард

Бипӯшид Густаҳм диръи набард, Зи гурдон киро дид, падруд кард. Бурун тохт аз лашкари хешу рафт Ба ҷанги ду турки сарафроз тафт. Ҳаме гуфт лашкар ҳама сар ба сар Ки Густаҳмро з-ин бад ояд ба сар. Яке лашкар аз назди Афросиёб Ҳаме рафт бар сони киштӣ бар об. Ба ёрӣ ҳаме ҷангҷӯй омаданд, Чу наздики дашти Дағӯй омаданд, Хабар шуд бад-эшон, ки Пирон гузашт, Набарди далерон бад-он гуна гашт. Ҳама бозгаштанд яксар зи роҳ Хурӯшон бирафтанд наздики шоҳ. Хабар шуд ба Бежан, ки Густаҳм рафт Ба оварди Фаршеду Лаҳҳок тафт, Гумоне чунон бурд Бежан, ки ӯй Чу танг андарояд ба дашти Дагӯй, Набояд, ки Лаҳҳоку Фаршедвард Бароранд аз ӯ гард рӯзи набард. Ба назди ниё шуд чу шери дижам, Дилаш пур зи дард аз ғами Густаҳам. Чу чашмаш ба рӯи ниё барфитод, Хурӯшиду чанде сухан кард ёд. «На хуб ояд, эй паҳлавон аз хирад, Ки ҳар номдоре ки фармон барад, Мар ӯро ба хира ба куштан диҳӣ, Баҳона ба чархи равон барниҳӣ. Ду гурди диловар зи туронсипоҳ Бирафтанд чун шер пӯён ба роҳ. Зи Пирону Ҳумон диловартаранд, Ба гавҳар бузургони он кишваранд. Кунун Густаҳам шуд ба ҷанги ду тан Набояд, ки ояд бар ӯ-бар шикан. Ҳама коми мо бозгардад ба дард, Чу гум гардад аз лашкар он шермард». Чу бишнид Гударз гуфтори ӯй, Кашиданд бад-он кор тимори ӯй,