Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

433. Рафтани Бежан аз паси Густаҳам

Камар басту барсохт мар ҷангро, Ба зин андаровард шабрангро. Ба Гев огаҳӣ шуд, ки Бежан чӣ кард, Камар баст бар ҷанги Фаршедвард. Ҳам андар замон Гев барҷаст зуд, Нишаст аз бари тозиаспе чу дуд, Биёмад ба раҳ-бар, чу ӯро бидид, Ба тундӣ инонаш ба як сӯ кашид. Бад-ӯ гуфт: «Чандон задам достон, Нахоҳӣ ҳаме буд ҳамдостон, Ки бошад зи ту як замон шодмон, Куҷо рафт хоҳӣ бад-ин сон дамон? Ба ҳар кор дарди дили ман маҷӯй, Ба пиронсар аз ман чӣ хоҳӣ, бигӯй? Ба гетӣ маро ҷуз ту фарзанд нест, Равонам ба дарди ту хурсанд нест. Будӣ даҳ шабонрӯз бар пушти зин, Кашида ба бадхоҳ-бар теғи кин. Бисудӣ ба хафтону хӯд-андарун, Нахоҳӣ ҳаме сер гаштан зи хун. Чу некидиҳиш бахти пирӯз дод, Бибояд нишастан ба орому шод. Ба пеш замона чӣ бозӣ сарат, Бас эмин шудастӣ бар ин ханҷарат. Касе к-ӯ наҷӯяд саранҷоми хеш, Наёбад зи гетӣ ҳаме коми хеш. Ту чандин ба пеши замона мапӯй, Ки ӯ худ сӯи мо ниҳодаст рӯй. Зи баҳри падар з-ин сухан бозгард, Нашояд, ки дорӣ дили ман ба дард. Бад-ӯ гуфт Бежан, ки «Эй пурхирад, Ҷуз ин бар ту мардум гумоне барад. Зи кори гузашта наёрӣ ба ёд, Чӣ печӣ ба хира ҳаме сар зи дод. Бидон эй падар, к-ин сухан род нест, Магар ҷанги Лодан туро ёд нест? Ки бо ман чӣ кард андар он Густаҳам, Ғаму шодмониш бо ман ба ҳам.