434. Кушта шудани Лаҳҳок ва Фаршедвард ба дасти Густаҳам
Расид андар он ҷойгаҳ Густаҳам
Ки буданд гурдони Турон ба ҳам.
Наванд аспи ӯ бӯи аспон шунид,
Хурӯше бароварду андардамид.
Сабук аспи Лаҳҳок ҳам з-ин нишон
Хурӯше баровард чун беҳушон.
Давон сӯи Лаҳҳок Фаршедвард
Шуд, ӯро зи хоби хуш огоҳ кард.
Бад-ӯ гуфт: «Бархез аз ин хоби х(в)аш,
Ба мардӣ сари бахти бадро бикаш,
Ки доно зад ин достони бузург,
Ки шере ки бигрезад аз чанги гург,
Набояд, ки гург аз пасаш даркашад,
Ки ӯро ҳамон бахти бад баркашад.
Ҳало, зуд биштоб, к-омад сипоҳ
Аз Эрону бар мо гирифтанд роҳ.
Нишастанд бар асп ҳарду савор,
Кашиданд пӯён аз он марғзор.
Ба ҳомун ниҳоданд ҳарду савор
Ду дида, ки то чун басечанд кор.
Падид омад аз дур пас Густаҳам,
Надиданд бо ӯ саворе ба ҳам.
Далерон чу сарҳо барафрохтанд,
Мар ӯро бидиданду бишнохтанд.
Гирифтанд бо якдигар гуфтугӯй,
Ки як тан сӯи мо ниҳодаст рӯй.
Ҷуз аз Густаҳам нест, к-омад ба ҷанг,
Дурафши далерон гирифта ба чанг.
Гурезон набояд шуд аз пеши ӯй,
Магар к-андарорад бар ин дашт рӯй.
Наёбад раҳоӣ зи мо Густаҳам,
Магар бахти бад кард хоҳад ситам.
Аз он ҷо ба ҳомун ниҳоданд рӯй,
Пас андар дамон Густаҳам кинаҷӯй.
Биёмад, чу наздики эшон расид,
Чу шери жиён наърае баркашид.
Бар эшон биборид тири хаданг,
Чу Фаршедвард андаромад ба ҷанг.