Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

435. Дидани Бежан Густаҳамро ба марғзор

Чу гетӣ зи хуршед шуд равшано, Расид андар он ҷойгаҳ Бежано. Ҳаме гашт бар гирди он марғзор, Ки ёбад нишоне зи гумкарда ёр. Падид омад аз дур аспи саманд Бад-он марғзор-андарун чун наванд. Чамону чарон чун палангон ба ком Нагун карда зину гусиста лагом. Ҳаме дид зинаш бар ӯ-бар нагун, Рикебу камандаш ҳама пур зи хун. Чу Бежан бидид он, аз ӯ рафт ҳуш Баровард чун шери ғуррон хурӯш. Ҳаме гуфт, к-«Эй меҳрубон некёр, Куҷоӣ фиканда бар ин марғзор?! Ки пуштам шикастиву хастӣ дилам, Кунун ҷони ширин зи тан бугсилам. Чӣ гӯям, куҷо ҷӯям акнун туро, Ки бозӣ намудаст гардун туро? Бишуд бар паи асп то чашмасор, Мар ӯро бидид андар он марғзор. Ҳама ҷавшану тарг бар хоку хун Фитода бад-он хастагӣ сарнагун. Фурӯ ҷаст Бежан зи шабранг зуд Гирифташ ба оғӯш-бар тан-ш зуд. Бурун кард румиқабо аз бараш, Бараҳна шуд аз тарг хаста сараш. Танашро нигаҳ карду он хастагӣ Табаҳ дид хаста зи нобастагӣ. Равон ҳамчу рӯд аз танаш оби зард, Равон пур зи тимору дил пур зи дард. Бар он хастагиҳош бинҳод рӯй Ҳаме буд зорикунон пеши ӯй. Ҳаме гуфт, к-«Эй некдил ёри ман, Ту рафтиву бад гашт пайкори ман. Пижӯҳиш маро пеш боист кард, Расидан ба ҷое ки будат набард. Магар будаме гоҳи сахтит ёр, Ки бо аҳриман сохтӣ корзор.