436. Дахма кардани Кайхусрав бар Пирон ва
сарони Турон ва куштан Гурӯи Зиреҳро
Чу аз рӯз нӯҳ соат андаргузашт,
Хур аз гунбади чархи гардон бигашт,
Ҷаҳондор Хусрав ба назди сипоҳ
Биёмад бар он дашт бо фарру ҷоҳ.
Пазира шудандаш пиёда сарон,
Ҳама номдорону ҷанговарон.
Бар ӯ хонданд офарин бихрадон,
Ки эй шаҳрёру сари мӯбадон,
Ба тан зиндапилу ба ҷон Ҷабраил,
Ба каф абри баҳман, ба дил рӯди Нил,
Чунон ҳам ҳаме буд бар асп шоҳ,
Бад-он то бубинанд рӯяш сипоҳ.
Бар эшон ҳаме хонд шоҳ офарин,
Ки обод бодо ба гурдон замин.
Ба оин паси пушти лашкари чу кӯҳ
Ҳаме рафт Гударз худ бо гурӯҳ.
Ҳамон даҳ мубориз, ки дар размгоҳ
Бароварда буданд гард аз сипоҳ.
Сари куштагонро фиканда нагун,
Силеҳу тану ҷомаҳо пур зи хун.
Паси лашкар-андар ҳаме ронданд,
Абар шаҳрёр офарин хонданд.
Чу Гударз наздики Хусрав расид,
Пиёда шуд аз дур, к-ӯро бидид.
Ситоишкунон паҳлавони сипоҳ
Биёмад, биғалтид дар пеши шоҳ.
Ҳамон куштагонро ба Хусрав намуд,
Бигуфт он ки ҳамразми ҳар кас, ки буд.
Гурӯи Зиреҳро биёвард Гев
Давон то сипаҳдори Эрон нев.
Чу Хусрав Гурӯи Зиреҳро бидид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Зи асп андаромад сабук шаҳрёр,
Ҳаме офарин хонд бар кирдгор.
Зи Яздон сипосу бад-ӯям паноҳ,
Ки ӯ дод пирӯзиву дастгоҳ.
Ситоиш ҳаме кард бар пой шоҳ