437. Бозомадани Бежан бо Густаҳам
В-аз он пас хурӯш омад аз дидагоҳ,
Ки гарди саворон баромад зи роҳ.
Се аспу се кушта бар ӯ баста зор
Ҳаме бинам аз дур бо як савор.
Ҳама номдорони Эронсипоҳ
Ниҳоданд чашм аз шигифтӣ ба роҳ,
Ки то кист ин мард аз Эронзамин,
Ки ёрад гузаштан бар ин дашти кин?
Ҳам андар замон Бежан омад дамон
Ба зеҳ-бар ба бозу фиканда камон.
Бар аспон чу Лаҳҳоку Фаршедвард
Фиканда нагунсор пурхуну гард.
Бар аспи дигар буд пур аз дарду ғам,
Ба оғӯши турк-андарун Густаҳам.
Чу Бежан ба наздики Хусрав расид,
Сару тоҷу тахти баландаш бидид,
Бибӯсиду бар хок бинҳод рӯй,
Шуда шод Хусрав ба дидори ӯй.
Бипурсиду гуфташ, ки «Эй шермард,
Куҷо рафта будӣ ба дашти набард?»
Зи Густаҳм Бежан сухан ёд кард,
Зи Лаҳҳоку аз гурд Фаршедвард.
В-аз он зориву хастагӣ Густаҳам
Зи ҷанги саворон ҳама бешу кам.
Кунун орзу Густаҳамро якест,
Ки он кор бар шоҳ душвор нест.
Ба дидори шоҳ омадасташ ҳаво
В-агар ҷон аз он пас гузорад раво.
Бифармуд пас шоҳи озармҷӯй,
Ки оранд Густаҳмро назди ӯй.
Чунон буд зи бас хастагӣ Густаҳам,
Ки гуфтӣ ҳаме барнаёяд-ш дам.
Диловар чу бӯи шаҳаншоҳ ёфт,
Бупечиду дида сӯи ӯ битофт.
Биборид аз дидагон оби меҳр,
Сипаҳбад пур аз обу хун кард чеҳр.
Бузургон, ки буданд, гирён шуданд,
Чу бар оташи тез бирён шуданд.