438. Ҷанги Бузурги Кайхусрав бо Афросиёб андар ситоиши Султон Маҳмуд
Зи Яздон бар он шоҳ бод офарин,
Ки нозад бар ӯ тахту тоҷу нигин.
Худованди тоҷу худованди ганҷ,
Худованди шамшеру хафтону ранҷ,
Ки ганҷаш зи бахшиш бинолад ҳаме,
Бузургӣ зи номаш биболад ҳаме.
Зи дарё ба дарё сипоҳи вай аст,
Ҷаҳон зери фарри кулоҳи вай аст.
Ба гетӣ ба кон-андарун зар намонд,
Ки маншури бахшиш варо барнахонд.
Зи душман ситонад, расонад ба дӯст,
Худованди пирӯзгар ёри ӯст.
Ба базм-андарун ганҷ бипроганад,
Чу разм оядаш, шеру фил афканад.
Чу ӯ марз гирад, ба шамшери тез
Барангезад андар ҷаҳон растахез.
Аз он теғзан дасти гавҳарфишон
Зи гетӣ наҷӯяд ҳаме ҷуз нишон,
Ки дар базм дарёш хонад сипеҳр,
Ва разм-андарун шери хуршедчеҳр.
Гувоҳӣ диҳад дар ҷаҳон хоку об,
Ҳамон бар фалак чашмаи офтоб,
Ки чун ӯ набудаст шоҳе ба ҷанг,
На дар бахшишу кӯшишу ному нанг.
Агар меҳр бо кин наёмезадӣ,
Ситора зи захмаш фурӯ резадӣ.
Танаш зӯрманд асту чандин сипоҳ,
Ки андар миён бодро нест роҳ.
Паси лашкараш ҳафтсад жандапил,
Худои ҷаҳон ёвару Ҷабраил.
Ҳаме бож хоҳад зи ҳар меҳтаре,
Зи ҳар номдореву ҳар кишваре.
Агар бож надҳанд, кишвар диҳанд,
Ҳамон ганҷу ҳам тахту афсар диҳанд.
Кӣ ёрад гузаштан зи паймони ӯй,
Дигар саркашидан зи фармони ӯй,
Ки дар базм гетӣ бад-ӯ равшан аст,
Ба разм-андарун кӯҳ дар ҷавшан аст.