Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

439. ОҒОЗИ ДОСТОН

Лашкар оростани Кайхусрав бо Афросиёб Чу шуд кори Гударзу Пирон ба сар, Ба ҷанги дигар шоҳи пирӯзгар Биёрост бар ҳар сӯе меҳтарон, Бирафтанд бо лашкари бекарон. Баромад хурӯшидани каррной, Ба ҳомун кашиданд пардасарой. Яке тахти пирӯза бар пушти пил Ниҳоданду шуд рӯи гетӣ чу нил. Нишаст аз бари тахт бо тоҷ шоҳ, Хурӯш омад аз дашт в-аз боргоҳ. Ба дашт-андарун роҳи рафтан набуд, Ба шаҳр- андарун ҷои хуфтан набуд. Чу бар тахти пил он шаҳи номвар Задӣ мӯҳра дар ҷому бастӣ камар, Набудӣ ба ҳар подшоҳӣ раво, Нишастан магар бар дари подшо. Аз он номвар хусрави саркашон Чунин буд дар подшоҳӣ нишон. Ба марзе ки лашкар фиристода буд, Басе панду андарзҳо дода буд. Чу Лӯҳросп, чун Рустами тезчанг, Ки аз жарфи дарё барорад наҳанг. Дигар номвар Ашкаши паҳлавон, Писандидаву роду равшанравон. Бифармудашон бозгаштан ба дар, Ҳар он кас, ки буд гурду пархошхар. Дари ганҷ букшоду рӯзӣ бидод, Басе аз равони падар кард ёд. Фиристодагон ҷуст аз он анҷуман Сухангӯю равшандилу ройзан. Ба ҳар номдореву худкоме, Навиштанд бар паҳлавӣ номае, Ки пирӯз Кайхусрав аз пушти пил Бизад мӯҳраву гашт кишвар чу нил. На ором бодо шуморо, на хоб, Магар сохтан кини Афросиёб.