Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

440. Огоҳӣ ёфтани Афросиёб аз кушта шудани Пирон ва лашкар оростани Кайхусрав

Сипаҳдори туркон аз он рӯи Чоҷ Нишаста ба ором бар тахти оҷ. Ду бора зи лашкар ҳазорон ҳазор Сипаҳ буд бо олати корзор. Бар он марзи кӯҳсор-бар ҳар чи буд Зи барги дарахту зи кишту дуруд, Бихӯрданд яксар ҳама бору барг, Ҷаҳонро ҳаме орзу буд марг. Сипаҳдори туркон ба Байканд буд, Басе гирди ӯ хешу пайванд буд. Ҳама номдорони Мочину Чин Нишаста бари шоҳи Туронзамин. Ҷаҳон пур зи хиргоҳу пардасарой, Зи хайма набуд бар замин ҳеч ҷой. Ҷаҳонҷӯи пурдониш Афросиёб Ба Кундуз нишаста ба хӯрду ба хоб. Нишаст андар он шаҳр аз он карда буд, Ки Кундуз Фаридун бароварда буд. Баровард дар Кундуз оташкада, Ҳама Занду Усто ба зар озада. Варо ном Кундуз будӣ паҳлавӣ, Агар паҳлавонӣ сухан бишнавӣ. Кунун номи Кундуз ба Байганд гашт, Замона пур аз банду авранд гашт. Набера Фаридун буд Афросиёб Зи Кундуз ба рафтан накардӣ шитоб. Худу вижагонаш нишаста ба дашт, Сипеҳр аз сипоҳаш ҳаме хира гашт. Зи дебои чинӣ саропарда буд, Фаровон ба парда - дарун барда буд. Ба парда- дарун хаймаҳои паланг, Бар оини солори туркон Пашанг. Ниҳода ба хайма-дарун тахти зар, Ҳама пайкари тахт зарру гуҳар. Нишаста бар ӯ шоҳи туронсипоҳ, Ба даст- андарун гурзу бар сар кулоҳ. Зи беруни даҳлези пардасарой, Фаровон дурафши бузургон ба пой.