441. Огоҳӣ ёфтани Кайхусрав аз омадани Афросиёб ба ҷанги ӯ
Чу огоҳ шуд шаҳрёри ҷаҳон
Зи гуфтори бедор корогаҳон.
Зи туркону аз кори Афросиёб,
Ки овард лашкар бар ин рӯи об.
Сипоҳе бар ин сӯи Ҷайҳун кашид,
Ки шуд сангу рег аз ҷаҳон нопадид.
Чу бишнид Хусрав, гавонро бихонд,
Шунида ҳамаш, пеши эшон биронд.
Сипоҳе зи ҷанговарон баргузид,
Бузургони Эрон чунон чун сазид.
Чашида басе аз ҷаҳон шӯру талх,
Ба ёрии Густаҳми Нӯзар ба Балх.
Ба Ашкаш бифармуд, то сӯи Зам
Барад лашкару пилу ганҷу дирам.
Бад-он то пас-андар наёяд сипоҳ,
Кунад рои шерони Эрон табоҳ.
В-аз он пас ялонро ҳама барнишонд,
Бизад кӯси рӯину лашкар биронд.
Ҳаме рафт бо рою ҳушу диранг,
Ки тезӣ пушаймонӣ орад ба ҷанг.
Сипаҳдор чун дар биёбон расид,
Гурозидану сози лашкар бидид,
Сипаҳро гузар сӯи Хоразм буд,
Ҳамон регдашт аз дари разм буд.
Ба чап-бар деҳистону бар рост об,
Миён регу пеш-андар Афросиёб.
Худу Рустаму Тусу Гударзу Гев,
Басе лашкар аз номдорони нев,
Ҳаме гашт бар гирди он размгоҳ,
Биёбон нигаҳ карду бероҳу роҳ.
Чу огоҳ шуд з-он сипоҳи ниё,
Дили подшо шуд пур аз кимиё,
Ки лашкар фузун буд аз он, к-ӯ шумурд
Ҳама жандапилону мардони гурд.
Ба гирди сипаҳ-бар яке канда кард,
Талоя зи ҳар сӯ пароканда кард.
Шаб омад ба канда дарафканда об
Бад-он сӯ, ки буд рӯи Афросиёб.