Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

442. Пайғом фиристодани Афросиёб ба наздики Кайхусрав

Ба Шеда бигуфт: «Эй ҷаҳондор пур, Ки бодо бад аз рӯзгори ту дур, Чу бо Хусрав оҳанг дорӣ ба ҷанг, Магардон дили худ бар ин кор танг. Бирав, к-офаринандаат ёр бод, Сари бадсиголат нагунсор бод! Ба Кайхусрав аз ман паёме расон, Бигӯяш, ки гетӣ дигар шуд ба сон. Набера, ки ҷанг оварад бо ниё, Сараш пурбадӣ бошаду кимиё. Чунин буд рои ҷаҳонофарин, Ки гардад ҷаҳон пур зи пархошу кин. Сиёвуш на бар бегунаҳ кушта шуд, Аз омӯзгорон сараш гашта шуд. Гунаҳ гар маро буд, Пирон чӣ кард, Чу Рӯину Лаҳҳоку Фаршедвард, Ки бар пушти аспон бибоист баст Пур аз хун ба кирдори пилони маст? В-ар эдун, ки гӯӣ ки ту бадтанӣ, Бадандешу аз тухми Аҳриманӣ. Ба гавҳар нигар, то зи тухми манӣ, Накӯҳиш ҳаме хештанро кунӣ. Ту ин кин ба Гударзу Ковус мон, Ки пеши ман оранд лашкар дамон. На з-он гуфтам ин, к-аз ту тарсон шудам, В-агар пил гаштам, ҳаросон шудам. Ҳама реги дарё маро лашкаранд, Ҳама наррашерону кундоваранд. Ҳар он гаҳ ки фармон диҳам, кӯҳи Ганг Чу дарё кунанд, эй писар, рӯзи ҷанг. Валекин ҳаме тарсам аз кирдгор, Зи хунрехтан в-аз бади рӯзгор, Ки чандон сари номвар бе гуноҳ Ҷудо гардад аз тан бар ин размгоҳ. Гар аз пеши ман барнагардӣ ба ҷанг, Ҳамоно, ки ояд-т аз ин кор нанг. Чу бо мо ба савганд паймон кунӣ, Бикӯшӣ, ки паймони мо нашканӣ,