443. Посух фиристодани Кайхусрав ба Афросиёб
Чу бишнид Хусрав зи Қоран сухан,
Ба ёд омадаш рӯзгори куҳан.
Бихандид Хусрав зи кори ниё
В-аз он ҷустани чораву кимиё.
Аз он пас чунин гуфт, к-«Афросиёб
Пушаймон шудаст аз гузаштан зи об.
Варо чашм беобу лаб пурсухан,
Маро дил пур аз дардҳои куҳан.
Бикӯшад, магар дил бупечонадам,
Ба бешии лашкар битарсонадам.
Надонад, ки гарданда чархи баланд
Нагардад ба боист рӯзи газанд.
Кунун кори моро ҷуз ин нест рӯй,
Ки ман дил пур аз кин шавам пеши ӯй.
Бигардам ба овард бо ӯ ба ҷанг,
Ба ҳангоми кӯшиш насозам диранг.
Ҳама бихрадону радони сипоҳ
Ба овоз гуфтанд, к-«Ин нест роҳ.
Ҷаҳондида пурдониш Афросиёб
Ҷуз аз чорасозӣ набинад ба хоб.
Надонад ҷуз аз тунбалу ҷодуӣ
Фиребу бадандешиву бадхуӣ.
Зи лашкар кунун Шедаро баргузид,
Ки ин дид банди балоро калид.
Ҳаме хоҳад аз шоҳи Эрон набард,
Бад-он то кунад рӯзи мо пур зи гард.
Ту бар тезии ӯ далерӣ макун,
Аз Эрону аз тоҷ серӣ макун.
Ба овард густох бо ӯ магард,
Набояд, ки монем бо ранҷу дард.
Ба дасти ту гар Шеда гардад табоҳ,
Яке номвар кам шавад з-он сипоҳ.
В-агар дур аз эдар ту гардӣ ҳалок
Аз Эрон барояд яке тирахок.
Яке зинда аз мо намонад ба ҷой,
На шаҳру бару буми Эрон ба пой.
Касе нест моро зи тухми каён,
Ки кинро бубандад камар бар миён.