Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

444. Посух фиристодани Кайхусрав

Афросиёбро Бифармуд, то Қорани некхоҳ Шавад бозу посух гузорад зи шоҳ, Ки «Ин кори мо деру душвор гашт, Суханҳо зи андоза андаргузашт. Ҳунарёфта марди ҷангӣ ба ҷанг Наҷӯяд гаҳи размҷустан диранг. Нахоҳам зи ту буми Турон, на ганч Ки бар кас намонад сарои сипанҷ, Кунун то худованди хуршеду моҳ Киро шод дорад бар ин размгоҳ. Ба зӯри ҷаҳонофарин кирдгор, Ба дайҳими Ковуси парвардгор, Ки чандон намонам шуморо замон. Ки бар гул вазад тундбоди хазон. Бад-он хоста нест моро ниёз, Ки аз ҷавру бедод омад фароз. Киро пуштгармӣ зи Яздон бувад, Ҳамеша дилу бахт хандон бувад. Бару буму ганҷу сипоҳат марост, Ҳамон тахту шаҳру кулоҳат марост Пашанг омаду хост аз мо набард, Зиреҳдор бо лашкару дору бард. Сапедадамон ҳаст меҳмони ман, Ба ханҷар бубинад сарафшони ман. Касеро набинам аз эронсипоҳ Ки бо ӯ бигардад ба овардгоҳ. Ману Шедаву дашту шамшери тез, Барорам ба фарҷом аз ӯ растахез. Гар эдун, ки пирӯз бошам ба ҷанг, Насозам бар-ин сон фаровон диранг. Мубориз хурӯшон кунем аз ду рӯй, Зи хун дашт гардад пур аз рангу бӯй В-аз он пас ялонро ҳама ҳамгурӯҳ Ба ҷанг андарорем бар сони кӯҳ. Чу ин гуфта бошӣ, ба Шеда бигӯй, Ки эй пурхирад меҳтари номҷӯй, Ту эдар ба танҳо ба дом омадӣ,