445. Кушта шудани Шеда бар дасти Хусрав
Фуруд омад аз пушти шабранг шоҳ,
Зи сар баргирифт он каёнӣ кулоҳ.
Ба Руҳҳом дод он гаронмоя асп,
Биёмад ба кирдори озаргушасп.
Чу аз дур дидаш пиёда Пашанг,
Фуруд омад аз асп ҷангӣ наҳанг.
Ба ҳомун чу пилон баровехтанд,
Ҳаме хок бо хун баромехтанд.
Чу Шеда бидид он бару бурзи шоҳ,
Ҳамон эзадӣ фарру он дастгоҳ,
Ҳаме ҷуст чора, ки ёбад раҳо,
Дили чорагар з-ин бисозад баҳо.
Чу огоҳ шуд Хусрав аз рози ӯй,
В-аз он нобароварда овози ӯй,
Ба зӯри ҷаонофарин кирдгор
Бизад даст Кайхусрави номдор.
Ба кирдори шере ки бар гӯри нар
Занад чангу гӯр андарорад ба сар,
Гирифташ ба чап гардану рост пушт,
Бароварду зад бар замин-бар дурушт.
Ҳама мӯҳраи пушти ӯ ҳамчу най
Шуд аз дард резону бугсаст пай.
Яке теғи тез аз миён баркашид,
Саросар дили номвар бардарид.
Бар ӯ кард ҷавшан ҳама чок-чок,
Пас он гоҳ бар торакаш рехт хок.
Ба Руҳҳом гуфт: «Ин бади ноҳамол
Далеру сабуксар маро буд хол.
Пас аз куштанаш меҳрубонӣ кунед,
Яке дахмаи хусравонӣ кунед.
Сарашро ба дибку ба мушку гулоб
Бишӯеду танро ба кофури ноб.
Ба гардан-ш- бар тавқи заррин ниҳед,
Кулаҳ бар сараш анбарогин ниҳед.
Нигаҳ кард пас тарҷумонаш зи роҳ,
Бидид он тани номбардор шоҳ,
Ки бо хун аз он рег бардоштанд,
Сӯи лашкари шоҳ бугзоштанд.