Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

446. Фатҳнома навиштани Кайхусрав ба Ковус

Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир, Биёвард қиртосу мушку абир. Навиштанд нома ба Ковушоҳ, Чунон чун сазо буд, аз он размгоҳ. Сари нома кард офарини Худой, Ситоиш ҳам ӯро, ҳам ӯ раҳнамой. Дигар гуфт: «Шоҳи ҷаҳонбони ман Падарвор ларзанда бар ҷони ман. Бузургиш бо кӯҳ пайваста бод Дили бадсиголаш аз ӯ хаста бод! Расидам зи Эрон ба реги Фараб, Се ҷанги гарон карда шуд дар се шаб. Шумори саворони Афросиёб Набинад хирадманд ҳаргиз ба хоб. Бурида чу сесад сари номдор, Фиристодам инак бари шаҳрёр. Бародар буду хешу пайванди ӯ, Гиромӣ бузургону фарзанди ӯ. В-аз он номдорон баста дувист, Ки сад шер бо ҷанги ҳар як якест. Ҳама ҷанг бар дашти Хоразм буд, Зи чарх офарин бар чунон разм буд. Бирафт ӯву мо аз пас-андар дамон Гузаштем, то бар кӣ гардад замон, Ниҳоданд бар нома мӯҳре зи мушк, Аз он пас гузар кард бар реги хушк. Бад-ин размгаҳ офарин бод гуфт, Ҳамасола бо ахтари нек ҷуфт.