Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

447. Расидани Афросиёб ба Гангдиж

Чу аз разм баргашт Афросиёб, Чу боди дамон тез бигзашт об. Сипаҳ дар сипоҳи Қарохон расид, Ҳаме гуфт ҳар кас, ба ҷанг ончӣ дид. Сипаҳдори туркон чӣ моя гирист, Ҳар он кас, ки аз тухмаи ӯ бизист, Зи баҳри гаронмоя фарзанди ӯй, Бузургону хешону пайванди ӯй Хурӯше баромад, ту гуфтӣ, ки абр Ҳаме хун чаконад зи чашми ҳизабр. Ҳаме будаш андар Бухоро диранг, Ҳаме хост к-оянд шерон ба ҷанг. Аз он пас аз он анҷуман он ки монд, Бузургони бартарманиш пеш хонд. Чу гаштанд пурмоягон анҷуман, Зи лашкар ҳар он кас ки буд ройзан, Забон баркушоданд бар шаҳрёр, Ки бечора гаштанд аз он корзор, Ки аз лашкари мо бузургон ки буд, Гузаштанду з-эшон дили мо шахуд. Ҳамоно, ки аз сад намондаст бист, Бар он рафтагон-бар бибояд гирист. Кунун мо дил аз ганҷу фарзанди хеш Гусистему чанде зи пайванди хеш. Бар он рӯди Ҷайҳун яке размгоҳ Бикардем з-он сон, ки фармуд шоҳ. Зи бедонишӣ ончӣ омад ба рӯй, Ту донӣ, ки шоҳиву мо чораҷӯй. Гар эдун, ки равшан шавад рои шоҳ, Аз эдар ба Чоч андарорад сипоҳ. Чу шоҳ андар ин кор фармон барад, Зи Гулзарриюн низ ҳам бугзарад. Бибошад ба ором ба Б-ҳиштганг, Ки ҳам ҷои ҷанг асту ҷои диранг. Бар ин барниҳоданд яксар сухун, Касе рои дигар наяфканд бун. Бирафтанд яксар ба Гулзарриюн, Ҳама дида пуробу дил пур зи хун.