Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

448. Гузаштани Кайхусрав ба Ҷайҳун

Чу Кайхусрав омад бад-он рӯи об, Аз ӯ дур шуд хӯрду орому хоб. Сипаҳ чун гузар кард аз он сӯи рӯд, Фиристод аз он пас ба ҳар кас дуруд, К-аз ин омадан кас мадоред бок Бихоҳед моро зи Яздони пок. Гаронмоя ганҷе ба дарвеш дод, Касеро к-аз ӯ шод буд, беш дод. В-аз он ҷо биёмад сӯи марзи Суғд, Яке навҷаҳон дид ороми ҷуғд. Бубахшид ганҷе бар он шаҳр низ Ҳаме хост, к-обод гардад ба чиз. Ба ҳар манзиле зинҳорисавор Ҳаме омадандӣ бари шаҳрёр. В-аз он пас чу огоҳӣ омад ба шоҳ Зи кирдори Афросиёбу сипоҳ, Ки омад ба наздики ӯ Кокула, Або лашкаре чун ҳизабри яла, Ки аз тухми Тур аст пуркину дард, Биҷӯяд ҳама рӯзгори набард. Фиристод баҳре зи гурдон ба Чоҷ Ки ҷӯяд ҳаме тахти Эрону тоҷ. Сипоҳе ба сӯи биёбон бузург Фиристоду солори эшон Тувург. Пазируфт аз он ҳар яке ҷанги шоҳ, Ки бар номдорон бубанданд роҳ. Сипаҳдор Кайхусрав он хор дошт, Хирадро бар андеша солор дошт. Сипоҳе ки аз Бардаву Ардабил Биёмад, бифармуд, то хел- хел Биёянду бар пеши ӯ бугзаранд, Раду мӯбаду марзбон бишмаранд. Бирафтанд солорашон Густаҳам, Ки дар ҷанги шерон набудӣ дижам. Дигар гуфт, то лашкари Нимрӯз Бирафтанд бо Рустами невсӯз. Бифармуд, то бар ҳаюнони маст Нишинанду гиранд аспон ба даст.