449. Разм кардани Кайхусрав бори дигар бо Афросиёб
Сапедадамон гоҳи бонги хурӯс
Зи даргоҳ бархост овози кӯс.
Сипоҳе биёмад ба ҳомун зи ганг,
Ки бар мӯру бар пашша шуд роҳ танг.
Чу омад ба наздики Гулзарриюн,
Замин шуд ба сони куҳи Бесутун.
Ҳаме лашкар омад се рӯзу се шаб,
Ҷаҳон шуд пурошӯбу ҷангу ҷалаб.
Кашиданд бар ҳафт фарсанг нах,
Фузун гашт мардум зи мӯру малах.
Чаҳорум сипаҳ баркашиданд саф,
Зи дарё баромад ба хуршед таф.
Сӯи маймана Ҷаҳни Афросиёб,
Куҷо найза бугзоштӣ з-офтоб.
Ба қалб-андар Афросиёбу радон,
Саворони гарданкашу бихрадон.
Сӯи майсара шери ҷангӣ Кабурд,
Або кордида саворони гурд.
Паси пушт Гарсевази кинахоҳ,
Ки дорад сипаҳро зи душман нигоҳ.
В-аз ин рӯй Кайхусрав аз қалбгоҳ
Ҳаме дошт чун кӯҳ пушти сипоҳ.
Чу Гударзу чун Туси Нӯзарнажод,
Манӯшону Хузони фаррухниҳод.
Чу Гургини Мелоду Густаҳми шер,
Ҳаҷиру чу Шедӯши гурди далер.
Фарибурзи Ковус бар маймана,
Сипоҳе ҳама якдилу яктана.
Манучеҳр бар майсара ҷой дошт,
Ки бо ҷанги мардон ҳаме пой дошт.
Ба пушти сипаҳ Геви Гударз буд,
Ки пушту нигаҳбони ҳар марз буд.
Замин кӯҳи оҳан шуд аз мехи наъл
Ҳама дашт дарё шуду наъл лаъл.
Ба сар бар зи гарди сипаҳ абр баст,
Табира дили санги хоро бихаст.
Замин гашт ҷунбон чу абри сиёҳ,
Ту гуфтӣ ҳаме барнатобад сипоҳ.