450. Паноҳ гирифтани Афросиёб дар Гангбиҳишт
Шаби тира чун рӯи зангӣ сиёҳ
Кас омад зи Густаҳми Нӯзар ба шоҳ,
Ки «Шоҳи ҷаҳон ҷовидон зинда бод!
Ки мо бозгаштем пирӯзу шод.
Бад-он номдорони Афросиёб
Расидем ногаҳ ба ҳангоми хоб.
Аз эшон саворе талоя набуд,
Касеро зи андеша моя набуд.
Чу бедор гаштанд аз эшон сарон,
Кашиданд шамшеру гурзи гарон.
Чу шаб рӯз шуд, ҷуз Қарохон намонд,
Зи мардони эшон фаровон намонд.
Ҳама дашт аз эшон тани бесар аст,
Замин бистару хокашон чодар аст».
Ба мужда зи Рустам ҳам андар замон
Ҳаюне биёмад сапедадамон,
Ки мо дар биёбон хабар ёфтем,
Бад-он огаҳӣ тез биштофтем.
Шабу рӯз Рустам яке доштӣ,
Ба тундӣ ҳаме роҳ бугзоштӣ.
Ҳам он ҷо расидем ҳангоми рӯз,
Чу барзад сар аз чарх гетифурӯз,
Таҳамтан камонро ба зеҳ барниҳод,
Чу наздик шуд, тарг бар сар ниҳод.
Нахустин, ки бар килк бинҳод шаст,
Биёбон зи пайкори туркон бираст.
Ба Туронзамин шуд кунун кинахоҳ,
Ҳамоно ки огоҳӣ ояд ба шоҳ.
Ба шодӣ зи лашкар баромад хурӯш,
Сипаҳдори туркон ҳаме дошт гӯш.
Ҳар он кас, ки буданд хусравпараст,
Зи туркон бифармуд, то барнишаст.
Саворе биёмад ҳам андар шитоб
Хурӯшон ба наздики Афросиёб,
Ки «Аз лашкари мо Қарохон биҷаст,
Расидаст наздик бо мард шаст.
Сипоҳе ба Турон ниҳоданд рӯй,
К- аз эшон шавад нопадид оби ҷӯй».