Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

451. Номаи Афросиёб наздики Фағфури Чин

Яке номае сӯи фағфури Чин Навиштанд бо сад ҳазор офарин. Чунин гуфт, к-аз гардиши рӯзгор Наёмад маро баҳра ҷуз корзор. Бипарвардам ӯро ки боист кушт. Кунун гашт аз ӯ рӯзгорам дурушт. Чу фағфури Чин гар биёяд, равост, Ки бар дӯстияш равонам гувост. В-агар худ наёяд, фиристад сипоҳ, К-аз ин сӯ хиромад сӯи кинахоҳ. Фиристода аз пеши Афросиёб Ба Чин андаромад ба ҳангоми хоб. Сарафроз фағфур бинвохташ, Яке хуррамайвон бипардохташ. В-аз он сӯ ба ганг-андар Афросиёб, Баромад зи ором в-аз хӯрду хоб. Ба девор аррода бар пой кард, Ба бурҷ-андарун размро ҷой кард. Бифармуд, то сангҳои гарон Кашиданд бар бора афсунгарон. Басе кордонони румӣ бихонд, Сипоҳе ба девори диж барнишонд. Баровард бедордил ҷосалиқ, Бар он бора арродаву манҷаниқ. Камонҳои чарху сипарҳои карг, Ҳама бурҷҳо пур зи хафтону тарг. Гурӯҳе зи оҳангарон ранҷа кард, Зи пӯлод бар ҳар сӯе панҷа кард. Бубастанд бар найзаҳои дароз, Ки ҳар кас, ки рафтӣ бари диж фароз, Бад-он ҷанги тез андаровехтӣ, В-агарна зи диж зуд бугрехтӣ. Ба ҳар кор бо ҳар касе дод кард, Сипаҳро дирам доду обод кард. Ҳамон хӯду шамшеру баргустувон, Сипарҳои чиниву тиру камон, Бубахшид бар лашкараш бешумор, Бавижа бад-он, к-ӯ кунад корзор.