Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

452. Омадани Кайхусрав ба пеши Гангдиж

Севум ҳафта Кайхусрав омад ба ганг, Шунид он ғави ною овои ҷанг. Бихандиду баргашт гирди ҳисор, Бимонд андар он гардиши рӯзгор. Шигифт омадаш, к-ончунон ҷой дид, Сипеҳри дилорой барпой дид. Чунин гуфт «К-он, к-ӯ чунин бора кард, На аз баҳри пайкор патёра кард. Кӣ хуни сари шоҳи Эрон бирехт, Зи мо дар чунин бора-андар гурехт. Ба Рустам чунин гуфт, к-«Эй паҳлавон, Сазад, гар бубинӣ ба равшанравон, Ки бо мо ҷаҳондор Яздон чӣ кард Зи хубиву пирӯзӣ андар набард. Бадеро куҷо ном буд бар бадӣ Ба тундиву кажживу нобихрадӣ. Гурезон шудаст ӯ зи мо дар ҳисор, Бад-ин сон баросуда аз рӯзгор. Баде, к-ӯ бадони ҷаҳонро сар аст, Ба пирӣ расида кунун бадтар аст. Бад-ин гар бидорам зи Яздон сипос, Набояд ки шаб хуфта монам се пос, К-аз ӯяст пирӯзиву дастгоҳ, Ҳам ӯ офаринандаи ҳуру моҳ». Зи як сӯи он шорсон кӯҳ буд, Зи пайкори лашкар беандӯҳ буд. Ба рӯи дигар рӯду оби равон, Ки равшан шудӣ мардро з-ӯ равон. Кашиданд бар дашт пардасарой, Ба ҳар сӯи диж паҳлавоне ба пой. Замин ҳафт фарсанг лашкар гирифт, Зи лашкар замин даст бар сар гирифт. Саропарда зад Рустам аз дасти рост, Зи шоҳи ҷаҳондор лашкар бихост. Ба чап-бар Фарибурзи Ковусу Тус, Дурафши дилафрӯз бо бӯқу кӯс Бирафтанду бастанд пардасарой, Севум пури Гударз бугзид ҷой.