Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

453. Омадани Ҷаҳн бо пайғоми Афросиёб назди Кайхусрав

Дигар рӯз чун хур баромад зи роғ, Ниҳод аз бари чарх заррин чароғ, Хурӯше баромад баланд аз ҳисор, Пурандеша шуд з-он дили шаҳрёр. Ҳамон гаҳ дари диж кушоданд боз, Бараҳна шуд он рӯи пӯшида роз. Биёмад зи диж Ҷаҳн бо даҳ савор Хирадманду бодонишу моядор. Бишуд пеши даҳлези пардасарой, Ҳаме буд бо номдорон ба пой. Биёмад бари шоҳ салори бор, Бигуфто, ки «Ҷаҳн аст бо даҳ савор». Шаҳаншоҳ биншаст бар тахти оҷ, Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ. В-аз он пас биёмад Манӯшони гурд, Хирадёфта Ҷаҳнро пеш бурд. Хирадманд чун назди Хусрав расид, Шуд аз оби дида рухаш нопадид. Бимонд андар ӯ Ҷаҳни ҷангӣ шигифт, Кулоҳи бузургӣ зи сар баргирифт. Чу омад ба наздики тахташ фароз, Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз. Чунин гуфт, к-«Эй номвар шаҳрёр, Ҳамеша ҷаҳонро ба хубӣ гузор. Бару буми мо бар ту фархунда бод, Дилу чашми бадхоҳи ту канда бод. Ҳамеша бизӣ шоду яздонпраст, Бар ин буми мо пеш густурда даст. Хуҷаста нишастиву шод омадӣ, Ҳама достонҳо ба некӣ задӣ. Паёме гузорам зи Афросиёб, Агар шоҳ аз ин барнагирад шитоб». Чу аз Ҷаҳн бишнид гуфтор шоҳ, Бифармуд заррин яке зергоҳ. Ниҳоданд зери хирадманд мард, Нишасту паёми падар ёд кард. Чунин гуфт бо шоҳ, к-«Афросиёб Нишастаст бо дидагон пур зи об.