454. Посух додани Кайхусрав Ҷаҳнро
Чу аз Ҷаҳн бишнид гуфтор шоҳ,
Ҳаме кард хандон бар ӯ-бар нигоҳ.
Ба посух чунин гуфт, к-«Эй номҷӯй,
Шунидем сар то сар ин гуфтугӯй.
Нахуст он ки кардӣ маро офарин,
Ҳамон бод бар тоҷу тахту нигин.
Дуруде ки додӣ зи Афросиёб,
Ту гуфтӣ, ки ӯ кард мижгон пуроб,
Шунидам ҳам он бод бар ту тоҷу тахт,
Мабодо магар шоду пирӯзбахт.
Ва дигар, ки кардӣ зи Яздон сипос,
Писанд аст бар шоҳи яздоншинос.
Зи шоҳони гетӣ дилафрӯзтар,
Писандидаву шоду пирӯзтар.
Маро дод Яздон ҳама, ҳарчи гуфт,
Ки бо ин ҳунарҳо хирад бод ҷуфт.
Туро чанд хоҳӣ сухан чарб ҳаст,
Ба дил нестӣ поку яздонпараст.
Касе к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтор кирдор беҳтар бувад.
Фаридуни фаррух ситора нагашт,
На аз хоки тира сараш баргузашт.
Ту гӯӣ, ки ман баршавам бар сипеҳр,
Бишустӣ бар ин гуна аз шарм чеҳр.
Дилат ҷодуиро сари моя гашт,
Сухан бар забонат чу пероя гашт.
Забон чарбгӯёву дил пурдурӯғ,
Бари марди доно нагирад фурӯғ.
Падаркуштаро шоҳи гетӣ махон,
Кунун, к-аз Сиёвуш намонд устухон.
Ҳамон модарамро зи парда ба роҳ
Кашидиву гаштӣ чунин кинахоҳ.
Маро низ нозода аз модарам,
Ҳаме оташ афрӯхтӣ бар сарам.
Ҳар он кас, ки буд пеши даргоҳи ту,
Бинафрид бар ҷони бероҳи ту,
Ки харгиз ба гетӣ касе ин накард,
Зи шоҳону гурдону мардони мард,