Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

455. Разми Кайхусрав бо Афросиёб ва гирифта шудани Гангдиж

Шаби тира то сар зад аз чарх шед, Бибуд кӯҳ чун пушти пили сапед. Ҳаме лашкар орост Афросиёб, Саворе зи туркон куҷо ёфт хоб. Чу аз Ганг бархост овои кӯс, Замин оҳанин шуд, ҳаво обнӯс. Шаҳи номбардори некигумон Нишаст аз бари зин сапедадамон. Биёмад, бигардид гирди ҳисор, Нигаҳ кард, то чун бувад корзор, Ба Рустам бифармуд, то ҳамчу кӯҳ Биёмад ба як сӯи диж бо гурӯҳ. Дигар сӯй Густаҳми Нӯзар ба пой, Се дигар чу Гударзи фархундарой. Ба сӯи чаҳорум шаҳи комгор, Або пилу кӯсу набарда савор. Сипаҳро ҳама ҳар чи боист соз, Бикарду биёмад сӯи тахт боз. Ба лашкар бифармуд пас шаҳрёр Яке канда кардан ба гирди ҳисор. Бад-он кор ҳар кас, ки доно буданд, Ба ҷанги диж-андар тавоно буданд, Чи аз Рум в-аз Чину аз Ҳиндувон, Чи размозмуда зи ҳар сӯ гавон. Ҳама гирди он шорсон чун наванд, Бигаштанду ҷустанд ҳар гуна банд. Ду найза ба боло яке канда кард, Сипаҳро ба гирдаш пароканда кард. Бад-он то шаби тира бе охтан Наёрад ба куштан касе тохтан. Дусад бора арродаву манҷаниқ Ниҳод аз бараш ҳар сӯе ҷосалиқ. Дусад чарх бар ҳар сӯе буд камон, Зи девори диж чун сари бадгумон. Падид омадӣ манҷаниқ аз бараш, Чу жола ҳаме кӯфтӣ бар сараш. Паси манҷаниқ-андарун румиён Або чархҳо танг баста миён.