456. Зинҳор додани Хусрав хешони
Афросиёбро
Зи лашкар гузин кард пас бихрадон,
Ҷаҳондидаву коркарда радон.
Бад-эшон чунин гуфт, к-«Обод бод
Шуморо тану дил пур аз дод бод!
Дари ганҷи он турки шӯридабахт
Супурдам шуморо, бикӯшед сахт.
Набояд, ки бар кохи Афросиёб
Битобад зи чархи барин офтоб.
Ҳам овози пӯшидарӯёни ӯй
Нахоҳам, ки ояд зи айвон ба кӯй.
Нигаҳбон фиристод сӯи гала,
Ки буданд гирди диж андар яла.
Зи хешони ӯ кас наёзурд шоҳ,
Чунон чун бувад дархури пешгоҳ.
Чу з-он гуна диданд кирдори ӯй,
Сипаҳ шуд саросар пур аз гуфтугӯй,
Ки Кайхусрав эдар бад-он сон шудаст,
Ки гӯӣ бари боб меҳмон шудаст.
Ҳаме ёд нояд-ш хуни падар,
Бурида ба ханҷар ба бедод сар.
Ҳамон модарашро, ки аз тахтгоҳ
Бараҳна ба як сӯ кашидаш ба роҳ.
Шубонпарваридаст в-аз гӯсфанд
Мазидаст шир ин шаҳи бегазанд.
Чаро чун палангон ба чанголи тез
Наангезад аз хони ӯ растахез.
Фуруд оварад коху айвони ӯй,
Барангезад оташ зи хешони ӯй?
Зи гуфтори эрониён пас хабар
Ба Кайхусрав омад ҳама дар ба дар.
Фиристод кас, бихрадонро бихонд,
Басе достон пеши эшон биронд,
Ки «Ҳар ҷой тундӣ набояд намуд,
Сари бехирадро нашояд ситуд.
Ҳамон беҳ, ки бо кина дод оварем,
Ба ком-андарун ном ёд оварем,
Ки ном аст андар ҷаҳон ёдгор,